Обидаҳои таърих, сайёҳӣ ва ҳунар – муаррифгари чеҳра ва фарҳангу тамаддуни миллат

Шарифов Ш., - номзади илмҳои таърих, дотсент, Ҷӯраева М., - унвонҷӯ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 иқдоми нав ва наҷиберо пешбарӣ намуданд ва изҳор доштанд, ки «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад». Инчунин дар Паёми навбатии дигар солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Дар робита ба ин иқдом ва татбиқи амалии ин пешниҳодҳои муҳим ва оқилонаи Пешвои миллат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, таҳти рақами 977 «Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018» ба тавсиб расид, ки дар он чунин омадааст «бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад». Инчунин тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1170 солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо ҳамаи имкониятҳо ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, барномаҳои давлатӣ қабул шуданд ва илова бар он як силсила чораву тадбирҳои ҳавасмандкунӣ низ андешида шудаанд.

Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншоотҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳуда нест. Зеро сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва пешрафтаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, омили муҳими афзудан ва ғанӣ гаштани даромад ва буҷети давлат, таъмини мардум бо ҷои кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиро равнақу ривоҷ медиҳад ва ҳоло ба ҳиссаи он қариб 7 фоизи сармоягузории ҷаҳонӣ рост меояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди минбаъда ва ҳамаҷонибаи он заминаҳо, имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Бо мақсади рушду ғамхорӣ ба ин соҳа чанд санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқӣ, консепсия ё барномаи рушд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019» ва ғайра қабул шудаанд. Мувофиқи Консепсияи мазкур дар ҷумҳурии мо намудҳои саёҳати кӯҳнавардӣ, варзишӣ, кӯҳию экологӣ самтҳои афзалиятнок эълон шудаанд.

Воқеан ҳам, Тоҷикистони биҳиштосои мо кишвари зебоманзару афсонавӣ буда, бо табиати нотакрор ва ёдгориҳои зиёди нодири таърихию меъмории худ, меҳмоннавозии мардумонаш таваҷҷуҳи сайёҳон ва тамоми оламиёнро ба худ ҷалб сохтааст. Бо иқлими мусоид, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азимҷусса, дараҳои зебо ва хушбоду ҳаво, олами наботот ва ҳайваноти нодир ва ҳайратангез ва дар маҷмӯъ табиати биҳиштосои кишвари мо беҳтарин мавзеъ ва макони саёҳат, истироҳату фароғат буда, барои рушди сайёҳӣ тамоми шароитҳо, омилҳо ва имкониятҳо мавҷуданд.

Агар масоҳати умумии Тоҷикистон 142,6 ҳазор киллометри мураббаъ бошад, аз он 22 фоизаш минтақаи сайёҳии экологӣ эълон шудааст. Масоҳати умумии муҳофизати табиат, мувофиқи маълумоти соли 2004 3,1 млн.гектарро ташкил намуда, он 4 мамнӯъгоҳҳои машҳур- Бешаи палангон, Ромит, Даштиҷум ва Зоркӯл бо масоҳати умумии 173 418 гектар, 13 парваришгоҳ бо масоҳати умумии 2,6 млн гектар ва ду парки таърихию табиӣ – Ширкент ва Сарихосорро дар бар мегирад.

Дараҳои хушманзар ва хушбоду ҳавои Варзоб, Ромит, мавзеъ ва манзараҳои зебои Бадахшон, Дарвоз, Панҷакент, Шаҳристон, Исфара, Айнӣ, Яғноб, Язғулом, Сарихосор, Хоҷабоқирғон ва ғайраҳо воқеан муаррифгари Тоҷикистони биҳиштосо мебошанд.

Таърих ва тамаддуни кӯҳан ва ғанӣ, мардуми тамаддунофар, санъати нафис ва зебо, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон кайҳост, кишуҳрати ҷаҳон гаштааст.

Шаҳрҳои қадима, мисли Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт ҳамчун марказҳои бузурги маъмурӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳанг ва касбу ҳунар маълуму машҳуранд.

Дар Тоҷикистон ҳазорон обидаҳои нодири таърихӣ, осори таърихию меъморӣ- мадрасаҳо, масҷиду мақбараҳо, мазорҳо, зиёратгоҳҳо мавҷуданд, ки бозгӯи таърих ва тамаддуни қадим ва оламгири мо мебошанд.

Ҳамчунон, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти анъанавии худ бо зиёиёни кишвар дар арафаи иди Наврӯз – 19 марти соли 2018 қайд намуданд, «ҳоло дар кишвари мо беш аз 2000 ёдгориҳои таърихиву меъморӣ мавҷуданд. Вале то имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд».

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣаҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвармебошад».

Дар ҳар як ёдгории таърихӣ-осори қадима, дастнависҳо, катибаву деворнигораҳо, навиштаҷоти гуногун ва дигар сарчашмаҳои таърихиву фарҳан-гиамон рӯзгори гузаштаи ниёгон нақш бастаанд ва ҳифзи ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда чун сабақи таърих мерос гузоштани онҳо вазифаи муҳими ҳар як фарди худогоҳ ва худшинос аст.

Дар давраи истиқлолият даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва осори меъморӣ таъмиру тармим, эҳё ва азнавсозӣ гардида, ба макони сайру саёҳати сокинони мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»-ро қабул намуд, ки он барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ, бостоншиносӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ҳифзи осори таърихӣ ва тарғибу ташвиқи мероси моддию маънавии халқамон таккони ҷиддӣ гардид.

То имрӯз барои таъмиру барқарорсозии Қалъаи Ҳисор, Муғтеппаи Истаравшан, Хуҷанд, Ҳулбук, мақбараҳои устод Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Туғрал, Камоли Хуҷандӣ ва дигар мутафаккирон аз Фонди Президенти мамлакат маблағҳои зиёд сарф гардиданд.

Лоиҳаи таъмиру тармими қалъаҳои Кӯлоб, Шаҳритус, дайри будоии Аҷинатеппа, ёдгории Тахти Сангин омода шудаанд.

Дар вилояти Суғд яке аз ёдгориҳои нодири таърих ва тамаддуни шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии ниёгони тоҷикон - Саразм воқеъ аст ва он мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид гаштааст.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2020-ум 5500- солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ва Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ин муаррифии шоистаи мардуми тоҷик ҳамчун мардуми ҳунарманду эҷодкор, соҳиби завқи баланди зебопарастӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва тақвият бахшидан ва имконият фароҳам овардан ба мардуми эҷодкору соҳибистеъдод ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Мардуми тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ, косибӣ шуғл варзида, дар тӯли таърих садҳо навъи ҳунарро ба вуҷуд овардаанд ва бо намунаҳои олии он шӯҳрат ёфтаанд.

Тоҷикон аз қадим мардуми шаҳрсоз, шаҳрнишин буда, ҳунармандӣ касби асосии онҳо буд ва дар ташаккули фарҳанги шаҳрсозӣ, косибӣ нақши муҳим бозидаанд.

Шаҳрҳои қадима, мисли Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Марв, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Кӯлоб, Ҳисор ва ғайра баробари маркази маъмурӣ буданашон марказҳои ҳунару фарҳанг, тиҷорат, зиёрат ва сайру саёҳат буданд. Тибқи маълумоти ховаршиноси маъруф А.А.Семенов дар охири асри Х1Х барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони ҳар як намуди ҳунар маъмулан дар маҳалаҳои алоҳида зиндагӣ ва фаъолият доштанд ва номи маҳаллаҳо ё гузарҳо бо касбу кори сокинони он, аз қабили Заргарон, Оҳангарон, Сангтарошон, Туппидӯзон, Кордгарон, Чармгарон, Косатарошон, Читгарон, Равғанкашон ва ғайра маъмулу машҳур буд. Хушбахтона касбу кори аҷдодӣ, мисли кандакорӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, туппидӯзӣ ва ғайра то имрӯз идома дорад ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунармандони ширадаст кору фаъолият доранд.

Дар ҷумҳурии мо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, бадеӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин самт қонун, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаи мушаххас, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1.08.2003, №43), «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (аз 31.08.2008, №513) қабул гардидаанд, ки пояи ҳуқуқӣ ва дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифтани онро замина гузоштанд.

Ҳунар ҳамеша мояи сарбаландӣ ва шӯҳрату ифтихор буда, он аз ҳама гуна сарвату дороӣ, симу зар, мансаб болотар аст, чуноне, ки Мавлонои Ҷомӣ фармудааст:

Қимати мард на ба симу зар аст,

Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

Эй басо банда, ки аз баҳри ҳунар,

Қадраш аз хоҷа басо бештар аст,.

В-эй басо хоҷа, ки аз беҳунарӣ

Дар роҳи бандаи худ пайсипар аст.

Мардуми тоҷик баробари касбу ҳунар соҳиби фарҳанги воло, суннат, урфу одат, одобу ахлоқи ҳамида, ҷашнҳои зебои миллӣ ва дигар арзишҳои баланди маънавӣ мебошад, ки ҳифз, покизаву беолоишнигоҳ доштан, истифодаи онҳо дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии насли наврас, ҷавонон ва ҳамчун мероси аҷдодӣ эҳтиёт намудани онҳо вазифаи муҳим маҳсуб меёбад.

Дар байни ҷашнҳои миллӣ ва мардумӣ Наврӯз, Меҳргон, Сада мақоми хоса доранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ