Тартиби қабул ба докторантура

ҚОИДАҲОИ НАМУНАВИИ

ҚАБУЛ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РЎИ ИХТИСОС ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ИЛМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Қоидаҳои қабул ба докторантура аз рўи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Қоидаҳо) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва мутобиқи талаботи моддаи 15 «Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос», ки бо қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 тасдиқ гардидааст, таҳия шуда, тартиби қабули шаҳрвандонро ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2.Ташкили ҳайати докторантҳо - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмии инноватсионӣ, ки аз тарафи мақомоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи маориф барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии соҳаи маориф тасдиқ шудаанд, дар асоси фармоиши давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва ҳамчунин пардохти маблағи таҳсилот аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

3. Шахсони миллаташон тоҷик, ки шаҳрванди давлатҳои хориҷианд, барои гирифтани таҳсилоти баъдидипломӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалииҶумҳурии Тоҷикистон метавонанд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос таҳсил намоянд.

5. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ, дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ намудааст, қабул карда мешаванд.

6.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули докторантонро барои таҳсил аз рўи ихтисосҳои докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос баъди гирифтани иҷозатномаи мувофиқ оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ эълон менамоянд.

7.Барои қабули ҳайати докторантон - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори омма оид ба озмун барои таҳсил дар докторантура эълон медиҳанд.

8. Теъдоди қабули шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дармуассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дархости давлатии таҳсил тибқи қонунгузорӣ ва баҳисобгирии эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дармувофиқа бо Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

9.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилот ҳуқуқ доранд, ки қабули шаҳрвандонро зиёдтар аз дархости давлатӣ тибқи шартнома бо пардохти маблағи таҳсил аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ намоянд.

Нақшаи қабул ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисосро тибқи шартнома Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба заминаи моддӣ-техникӣ ва имкониятҳои кадрии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ муайян менамояд.

10. Дар давраи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва қабул ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос аз 1 июл то 31 август дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои қабул, комиссияҳои имтиҳонӣ аз рўи ихтисос (фаннӣ) ва комиссияҳои апелятсионӣ таъсис дода мешавад.

11.Раиси комиссияи қабул ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё директори муассисаи илмӣ ба ҳисоб меравад.

12.Комиссияи имтиҳонӣ аз рўи ихтисос (фанҳо)аз ҳисоби олимони баландтахассуси ихтисосҳои мувофиқ дар ҳайати раис ва се аъзои он, ки бояд докторон ва номзадҳои илм аз рўи ихтисосҳои мазкур бошанд, таъсис дода мешавад.

13.Барои таъмини гузаронидани озмун на камтар аз як моҳ то муҳлати супурдани ҳуҷҷатҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма оид ба қабул ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос бо нишон додани ихтисосҳо ва муҳлати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо эълон интишор менамоянд.

14. Ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар шакли таҳсили рўзона қабул карда мешаванд:

- шахсоне, ки дараҷаи академии «магистр» доранд;

- шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббии клиникӣ) доранд баъди таҳсил дар магистратура ва хатми бомуваффақияти он тибқи тартиби муқарраргардида.

Қабул аз рўи ихтисоси тиббии клиникӣ баъди хатми интернатура ва на кам аз ду соли собиқаи корӣ ва ё баъди хатми ординатураи клиникӣ (резидентура) амалӣ карда мешавад.

Довталабоне, ки ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос қабул мешаванд, бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғайра)-роозодона донанд.Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ азихтисос, ҳамчунин аз яке аз забонҳои хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

15. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

16. Имтиҳони дохилшавӣ аз рўи яке аз забонҳои хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

17. Имтиҳон аз рўи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ, ҳамчунин бо салоҳдиди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тестӣ гузаронида мешавад.

18. Такроран супоридани имтиҳони дохилшавӣ манъ аст.

19. Номгўи ҳуҷҷатҳо, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рўи ихтисос пешниҳод мешаванд:

-ариза ба номи ректор ё директор;

-нусхаи шиноснома;

-анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

-нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилотиолӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштанисобиқаи корӣ);

-сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

-мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

-рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

-тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;

-6 расми андозаи 3х4.