Танқиди беасоси ифротгароён маъно надорад

Намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷа қарор доранд, бо ҳар роҳу васила дар сомонаҳои иҷтимоӣ бадномкунии беасоси ҳукумати кишварро идома дода истодаанд. Акнун онҳо ба бадномкунии васоити ахбори оммаи кишвар, ки амалҳои зидди давлатӣ ва зидди мардумии намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро фош намуда истодаанд, пардохтаанд. Чунончӣ, намояндагони ТТЭ ҲНИ дар сомонаи иҷтимоӣ маводеро бо номи «Ховар: сойти расмии давлатӣ ё бунгоҳи дурўғпарокан?» ҷой дода, сомонаи хабарнигории давлатии АМИТ «Ховар»-ро ба паҳн намудани маълумотҳои бардурўғ айбдор менамоянд. Дар маълумоти паҳнгардида оид ба Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат», ки 5-уми феврали соли ҷорӣ дар кишвари Туркия баргузор гардид, ифротгароён АМИТ «Ховар»-ро доир ба интишори маълумот оид ба гузаронида шудани симпозиуми мазкур, ки гўё хусусияти байналмилалӣ надошта бошад, айбдор намудаанд.

Дар симпозиуми байналмилалӣ раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов баромад намуда, доир ба амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиён муфассал сухан ронд ва амалҳои ифротгароёни ҲНИ-ро танқид намуд. Ақидаҳои ҷолиб ва ҳақиқатнигоронаи Зафар Мақсудовро душманони миллат нодида гирифта, маводи бемаъниеро чоп намудаанд.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст баъди кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи сенятбри соли 2015 роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия фирор намуда буданд. Баъдтар, ҳукуматдорони Туркия баъд аз огоҳи ёфтани характери экстремистии аъзоёни ТТЭ ҲНИ кулли онҳоро аз ҳудуди Туркия ронданд. Зафар Мақсудов оид ба саҳми Туркия дар мубориза бар зидди терроризм дар Шарқи Наздик чунин қайд намуд: «Мо аз талошҳои кишвари дӯсту бародари Туркия барои истиқрори сулҳу субот дар минтақаи Шарқи наздик ҷонибдорӣ менамоем ва бар ин боварем, ки маҳз ба шарофати ҳамкории Туркия ва шарикони он гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа шикаст хӯрданд. Мо, аъзои анҷумани тоҷикон дар Туркия ба ҳукумати муҳтарами Туркия изҳори сипос менамоем, ки тамоми аъзои созмони хатарноки террористии наҳзатро аз қаламрави кишвари дӯсти мо рондаанд. Мо мутмаин ҳастем, ки мақомоти марбутаи Туркия аъзои созмони террористии наҳзатро бо роҳбарии М. Кабирӣ дигар ба Туркия роҳ нахоҳанд дод».

Ҳамин тариқ, хоинони миллат, ки худ аз ҳудуди Туркия ронда шуда, имрўзҳо дар ҳудудҳои мамлакатҳои Аврупо иқомат доранд, тавассути танқиди фаъолияти АМИТ «Ховар», ки оид ба симпозиуми байналмилалии дар боло зикр шуда дар сомонаи худ маълумот интишор намудааст, чунин вонамуд карданианд, ки гўё Туркия бо онҳо ҳамраъй буда, симпозиуми мазкурро дастгирӣ накарда бошад.

Имрўзҳо намояндагони ТТЭ ҲНИ танҳо бо танқиди фаъолияти Ҳукумати кишвар ва ахбороте, ки дар васоити ахбори оммаи ватанӣ бар зидди онҳо интишор мешаванд машғул ҳастанд. Бо чунин васила онҳо мехоҳанд ҷамъиятро ба тафриқа андохта худро ҳамчун нерўи оппозитсионӣ нишон диҳанд. Лекин оё онҳо, ки худро ҳамчун нерўи оппозитсионӣ, ҳамчун алтернатива ба ҳукумати кишвар муаррифӣ менамоянд барномаи рушди иқтисоди доранд? Оё онҳо ғайр аз майдагапӣ ва ба тафриқаандозии мардуми кишвар дорои нерўи зеҳнӣ, ки ба ҷамъият роҳи алтернативии рушди осоишта, ки тамоми самтҳои хоҷагии кишварро фарогир бошад, нишон дода метавонанд? Албатта не.

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ намояндагони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ танҳо бо танқид машғул шуда, роҳи ҳалли муааммои ба миён гузоштаи худро нишон намедиҳанд, ки он ҳам аз характери тафриқаандозии ин ташкилот гувоҳи медиҳад. Мардуми кишвар, ки таҷрибаи талхи солҳои 90-умро ҳоло фаромўш накардаанд чунин иқдомҳои ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун иқдомҳои экстремистӣ дуруст дарк карда истодаанд ва нахоҳанд гузашт, ки таҷрибаи солҳои 90-ум такрор гардад.

Ҳусенов Ф. - н.и.т., сармуаллими кафедраи таърихи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ