Роғун иншооти ҳаётан муҳим!

Баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ норасогии қувваи барқ яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи мо гардид, ки воқеан нигаронкунанда буд. Хушбахтона бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ дар миқёси мамлакат проблемаи норасогии нерӯи барқро қариб аз байн бурд.

9 сентябри соли 2019 барои кулли мардуми меҳнатқарини Ҷумҳурии Тоҷикистон басо рӯзи хотирмон ва фараҳбахш буд, зеро дар таърихи давлатдории навини тољикон боз як рӯйдоди муҳими тақдирсоз ба вуқуъ пайваст. Бо барорбари ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боз як қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тољикистон гузошта шуд.

9 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд ва дар маросими тақдирсоз иштирок доштанд.

Воқеан нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои миллати тољик иншооти аср аст. Аҳамияти иқтисодӣ ва иљтимоии он барои кишвари мо басо бузург мебошад. Бунёди ин нерӯгоҳ имконият фароҳам меоварад, ки аз як тараф ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат –истиқлолияти энергетикӣ бирасем ва аз тарафи дигар миқдори муайни қувваи барқи истеҳсолшударо ба љумҳуриҳои ҳамсоя содир намоем. Ба роҳ мондани содироти қувваи барқ имконият медиҳад, ки буљаи давлатӣ ба маротиб ғанӣ гардонида шавад ва ба ин васила сатҳи некӯаҳволии мардуми шарифи кишвар боз ҳам баланд бардошта шавад.

Илова бар ин, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» љиҳати расидан ба ҳадафи чоруми кишвар – саноатикунонии босуръати кишвар низ мусоидат хоҳад намуд. Истеҳсоли зиёди қувваи барқ имконият фароҳам меоварад, ки дар миқёси мамлакат корхонаҳои азими саноатӣ бунёд гарданд ва ба ин васила Тољикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ