Нишасти матбуотии ректор бо намояндагони ВАО

Дар заминаи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, Нақшаи тасдиқнамудаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.12.2018 ва ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 08.01.2019 санаи 11-уми феврали соли 2019 дар толори хурди раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми ватанӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаидастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳузур дошт. Инчунин, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд.

Қабл аз нишасти матбуотӣ намоиши дастовардҳои раванди таълим, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, варзишӣ, робитаҳои байналмилалӣ, табъу нашрӣ, натиҷаҳои чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар муваффақиятҳои самтҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2018 боздид ва аз ҷониби ректори донишгоҳ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ муаррифӣ карда шуд.

Баъдан, нишасти матбуотиро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳусни оғоз бахшида, аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нисбати соҳаи илм ва маориф ёдовар шуд ва барои ҳисобот суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода вогузор намуд. Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум муфассалан баромад кард. Аз ҷумла, зикр дошт, ки дар раванди таълим соли таҳсили 2018-2019 ба курси якуми донишгоҳ 2961 нафар донишҷӯён дохил шуданд. Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 17 факултет ва 77 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 77 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад. Айни замон дар донишгоҳ 904 нафар омӯзгор, аз ҷумла 43 нафар доктори илм, профессор, 351 нафар номзади илм, дотсент, 193 нафар сармуаллим ва 318 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 49,8% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 20647 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 10245 нафар (3148 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 10402нафар (1190 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ874 нафар, аз онҳо 521нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 7 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Дар кафедраҳои донишгоҳ аз рӯи 2409 фанн дар доираи 810571 соат фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ беш аз 90 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад. Соли 2018 дар 106 муассисаи таълимӣ бо миқдори 2960 нафар сафарбар шуда буданд. Ҳамзамон, 892 нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибона, аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият бурданд.

Инчунин ректори донишгоҳ як қатор навгониҳои донишгоҳро номбар намуда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ҷиҳати таҳкими равобити фарҳангӣ ва таълимӣ тасмим гирифт, ки факултети филологияи ӯзбекро таъсис диҳад. Ин факултет бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва фармоиши ректори донишгоҳ таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд. Барои дар бозори иқтисодӣ рақобатпазир гардидани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт донишгоҳ дар заминаи кафедраи молия, таҳлил ва омор кафедраҳои молия ва қарз ва иқтисодиёти ҷаҳонро таъсис дод.

Таъсис ёфтани кафедраҳои Таърихи Ватан ва археология, ҳамчунин кафедраи умумидонишгоҳии Таърихи халқи тоҷик аз шумори рӯйдодҳои тоза дар ин самт мебошад. Дар соли нави хониш ҳисоби соатҳо, тасдиқнома, сарбории таълимии устодон дар соли нави таҳсил аз рӯи системаи иттилоотии донишгоҳ ба роҳ монда шуд, барномаи электронии тақсимоти сарборӣ аз нав таҳия гардид, нақшаи таълимӣ ва нақшаи кории таълимӣ дубора боздид шуда аз нав мавриди корбаст қарор гирифтанд. Барномаҳои дохилкунии ҷадвали дарсӣ ва қабули шаҳрвандони хориҷӣ сохта шуд. Раванди триместр дар системаи иттилоот ташкил карда шуд. Факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шабакаи ягонаи донишгоҳ бо воситаи хати алоқаи оптикӣ пайваст карда шуд. Баҳисобгирии автоматии соатҳо дар системаи иттилоотӣ роиҷ гардид, тамоми суратҷаласаҳои Шӯрои олимони факултетҳо ба системаи ягонаи иттилоотӣ ворид карда шуданд, ки ин навгонӣ барои чандин маротиба осон намудани коргузории сохторҳоро мусоидат менамояд.

Дар назди кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ маркази машварати психологӣ ва рушди қобилиятҳои маърифатии “Заковат” таъсис ёфт, ки дар ҷомеаи маорифи Тоҷикиситон нахустин маротиба мебошад.

Дар соли равон, баргузор намудани Конфронси ҷумҳуриявии таълимӣ-методии “Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир” дигар аз чорабиниҳои муҳими самти таълим буд, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифт. Ҳамчунин, маводи конфронс дар шакли китоби алоҳида ба табъ расид. Таъсиси 10 ихтисоси нав аз ҷумла, менеҷменти иҷтимоӣ, маркетинг, андоз ва андозбандӣ, забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ӯзбек (фосилавӣ), забон ва адабиёти тоҷик-рӯзноманигорӣ, география ва биология, забони англисӣ ва забони олмонӣ, физика-информатика, таълими касбӣ (радиофизика), биология-химия барои соли нави хониш аз муҳимтарин тадбирҳо дар донишгоҳ мебошад ва барои пешрафти бештари раванди таълими фанҳои замонавӣ нақши муассир дорад.Дар назди факултети педагогӣ таъсис ёфтани лабораторияи “Рушди барвақти кӯдак” ва гербарияи ботаникӣ дар факултети биология ва химия аз навгониҳои дигари донишгоҳ аст.

Ба нашр расидани маҷаллаи таълимӣ-методии “Раҳнамои омӯзгор” дар таърихи самти таълим аввалин рӯйдод мебошад. Дар заминаи кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ таъсис ёфтани ду кафедраи нав аз ҷумла кафедраи сиёсатшиносӣ ва кафедраи фарҳангшиносӣ барои тайёр намудани мутахассисони сиёсатшиносу фарҳангшинос ва инкошоф додани ин ду шохаи муҳими илми тоҷик заминагузор хоҳад буд.

Инчунин ректори донишгоҳ дар раванди илм ва инноватсия дастовардҳои соҳаро ба журналистон ёдрас шуда, баён дошт, ки соли 2018 як нафар унвони нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, як нафар ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, як нафар донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, як нафар Шаҳрванди фахрии шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ду нафар Узви Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар Ҷоизаи Кумитаи чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд. Барои дастовардҳои меҳнатӣ 273 нафар омӯзгор бо сипоснома ва ифтихорнома, 90 нафар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, ҳамчунин 265 нафар донишҷӯ бо ифтихорномаю сипоснома ва 110 нафар бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар донишгоҳ айни замон аз рӯи 6 - Барномаҳои давлатӣ ва 2 – консепсия, 1- стратегияи давлатӣ дар самти илм ва инноватсия фаъолият ба роҳ монда шудааст. Шаш лоиҳаи нави устодон ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст. Дар соли 2018 беш аз 260 китобу дастурҳои таълимӣ ва осори илмӣ, маҷӯмаи мақолот, таҳия ва тадвини сарчашмаҳо ва васоити дигари таълимӣ-методӣ пешниҳод гардиданд, ки 101 номгӯи онҳо аз чоп баромадаанд. Микдори мақолаҳои илмии устодони донишгоҳ дар соли сипаригардида ба 1734 адад расидааст, ки қариб 500 номгӯ аз соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин давра ба миқдори 10 китоб бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Дар донишгоҳ дар соли 2018 5 Шӯрои диссертатсионӣ - ду Шӯрои муштараки диссертатсионӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия (филологӣ ва педагогӣ) ва ду шӯрои диссертатсионии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (PHD – Педагогика, филологияи тоҷик, санъати тасвирӣ ва технология ва Иқтисодиёт) тасдиқ гардида, фаъолияташро оғоз ниҳод ва дар ин Шӯроҳои муштарак дар соли 2018 11 нафар унвонҷӯёни донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.

Дар соли ҳисоботӣ 30 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд, ки нисбат ба соли 2017 рисолаи номзадӣ 12 номгӯ зиёд дифоъ гардидааст. 6 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 16 конференсияивилоятӣ ва беш аз 60 конференсияи минтақавӣ ва умумидонишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Инчунин роҳбарияти донишгоҳ доир ба дигар самтҳои фаъолият баромад намуда, пас аз он рӯзноманигоронро ба саволу ҷавоб даъват намуд. Намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо ва телевизиону радиои ҷумҳуриявию маҳаллии “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, Азия+, “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”,ШТР “Азия”, “СМ-1”, “Танин”, радиои “Шаҳри ман” ва дигарон бо беш аз 30 саволҳои худ муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Суолҳо масъалаҳои бо кор таъмин намудани хатмкунандагон (буҷавӣ ва шартномавӣ), фаъолияти факултети навтаъсиси филологияи ӯзбек, ҳиссаи таърихшиносони донишгоҳ дар таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, ташкили саёҳати донишҷӯёни хориҷӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон, анҷоми корҳои пешгирикунандаи донишгоҳ доир ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, таваҷҷуҳ ба такмили ихтисоси омӯзгорон, шароити зисту зиндагонии донишҷӯён дар хобгоҳҳо, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва қоидаҳои таҳсилоти фосилавии донишҷӯён, ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷӯёни эҳтиёҷманд ва амсоли инхоро фарогир буд.

Профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба ҳар як саволҳои журналистон дар алоҳидагӣ посухҳои мушаххас дод. Нишасти матбуотӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ