Машварати педагогони донишгоҳ

Бо ташаббуси Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар факултети педагогӣ семинари таълимӣ-методии «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ» баргузор гардид.

Дар семинар устодон доир ба мавзӯъҳои «Ақидаҳои педагогии олимони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба таълим», «Шиносоӣ бо санъатҳои зарурии таҷрибаомӯзии педагогӣ ва намунаҳои ҳуҷҷатгузории таҷрибаомӯзони факултети педагогӣ» маъруза намуда, ҷанбаҳои раванди таълимро мавриди муҳокима қарор доданд.

Мақсад аз баргузории машварат баланд бардоштани сифати таълими педагогии омӯзгорон гуфта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ