Марди ҷаҳондидаи тоҷик

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар намоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлати дунё мешиносад ва, дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудаанд, ки маҳз аз самараи судманди сафарҳои Сарвари давлат ва ташаббускориҳои созандаву бунёдкориҳояшон шаҳодат медиҳад.

Ба қавли шоири зиндаёд, марди сулҳҷӯ, Қаҳрамони халқи тоҷик– Мирзо Турсунзода:

Рӯи олам дидан, одам дидан аст,

Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст!

Аз хондани ин мисраҳо мо эҳсос мекунем, ки Пешвои миллат ҳам ин гуфтаҳои шоирро сармашқи кору пайкори хеш донистаанд ва бо ин ният ва мақсадҳои наҷиб сафарҳои корӣ анҷом медиҳанд.

Ба сарчашмаҳои мӯътамади адабиву таърихӣ назар афканем, аз ашъори безаволи шоири классик Саъдии бузургвор, “Сафарнома”-и Носири Хусравоғоз карда, то “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмад Махдуми Дониш, “Туҳафи аҳли Бухоро”-и Мирзо Сироҷи Ҳаким пур аз ҳодисаҳои воқеии замон, навигариҳои давр ошно мешавем ва аз натиҷаи ин ҳама сафарҳо огаҳ шуда хулоса мекунем, ки ин бузургон дар ҳақиқат шоҳиди воқеаҳои нодир ва соҳиби ботини рангин, афкори пешрав, замонавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ҳастанд, ки то ба имрӯз номи эшон, осорашон аз хотири ҳаммилатону ҳаммаслакон зудуда нест ва мо, насли имрӯзи тоҷик аз гузаштагони ин қадар фарзонаҳо ифтихор мекунем. Дар партави ин шахсиятҳои наҷиб, ном, кору пайкори назаррас, ширкат дар ҳамоишҳои бузурги асрӣ ва суханрониҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳон, хизматҳои шоиста, асарҳои оламшумули фарзанди фарзонаи тоҷик, Қаҳрамони халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи миллат бо хати заррин сабт хоҳанд шуд.

Садорати факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ