Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

Таҷрибаи сиёсии ҷаҳон нишон медиҳад, ки баробари тазоҳури буҳрони сиёсиву иқтисодӣ гурӯҳҳову равияҳои манфиатҷӯе ба арсаи сиёсат ворид гардида, худро барои давлату миллат беҳтарин ҷонфидову хидматгузор муаррифӣ мекунанд. Чунонки нафари ғарқшуда ҳар дасте, ки ба сӯяш дароз мешавад онро дасти дӯст гумон мекунад ва намедонад, ки соҳиби даст чӣ нақшаву ниятеро дар сари худ мепарварад. Яъне гузашти замон дақиқ менамояд, ки кадоме аз ин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои алоҳида дар ҳақиқат мехоҳанд мардумро аз гирдоби бало раҳо созанд.

Воқеан дар ибтидо муайян намудани мақсади ин гуна гурӯҳҳову ташкилот кори басе душвор аст, ба он хотир, ки раҳ бурдан ба ҷаҳони ботинии инсон кори саҳл нест. Табиист, ки муассисону намояндагони ҳар ҳизбу ҳаракат барои ба даст овардани боварии комили мардум барномаи хубу созанда пешниҳод менамоянд ва мардумро бо биҳишти насяи худ ба доми тазвир гирифтор месозанд.

Далели ин гуфтаҳо метавон воқеоти солҳои навадуми қарни мозиро дар Тоҷикистон мисол овард. Вақте кишвари тозаистиқлоли мо ба буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд, чандин гурӯҳҳои ба заҳор ғамхору пуштибони халқ рӯйи кор омаданд ва ҳар кадоме даст ба сина бурда, худро ватандори содиқ, ғамхори асил, дӯстдорандаи ин марзу бум ва хизматгузори миллат муаррифӣ менамуданд. Яке аз ин гуна гурӯҳҳо Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки бо истифода аз фурсати барои худ муносиб ва заъфи қувваҳои мусаллаҳ вориди арсаи сиёсии кишвар шуд. Ҳукумати ҷумҳури ҳам ба хотири гуногунандешии сиёсӣ барои фаъолияти он дар қаламрави кишвар шароитро фароҳам овард. Аммо саркардагону саркорони он бо сӯйистифода аз ин ғамхории Ҳукумат дар пайи роҳандози намудани амалҳои номатлуб ва пиёда сохтани омоли хоҷагони хориҷии худ дар ин сарзамини аҷдодӣ шуданд. Яъне дар ибтидо пайваста ҳар қадами фаъолити Ҳукумати ҷумҳуриро зери тозиёни танқид мегирифтанд ва рисолати худро аз пашша фил сохтан медонистанд. Онҳо мехостанд бо мардум нишон диҳанд, ки мо дар фикри зиндагии шоистаи шумо ва беҳтар намудани вазъи иқтисодии кишвар ҳастем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ