Изҳороти устодони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

Солҳои 90-уми асри ХХ озодии илму дониш, гуногунрангии мазҳабӣ, мавҷудияти мактабу равияҳои гуногуни диниву фалсафӣ, баҳсу мунозираҳои байни онҳо, ҷавлони маърифати ақливу амалӣ ва ғайраҳо маҳдуд шуда, ҷои онҳоро эътиқоди динии тақлидӣ иваз намуд. Дар хориҷи кишвар бошад, ба тараққиёти бесобиқаи илму санъат, дастовардҳои технологӣ, ихтирооти фанниву ҳарбӣ ва ғайраҳо ноил шуданд. Ин бархурди нобаробар равшанфикрон ва табақаҳои пешқадами ҷомеаро ба ҷустуҷӯи сабабу иллатҳои ин қафомондагӣ ва ба асорату мустамлика афтодани онҳо раҳнамун сохт. Иддае аз онҳо бар ин хулоса омаданд, ки сабаби қафомондагӣ ва вобастагии онҳо аз Ғарб дар хусусияти шахшудагӣ ва тағйирнопазирии дини ислом аст. Гурӯҳи дигар сабаби ақибмондагиро дар дур рафтан ва бегона шудани мусулмонон аз исломи замони муҳаммадӣ, исломи асил ва ба ҷои он омадани тақлиду хурофот ва бидъату ҷаҳолатҳо донистанд. Дар рафти ин ҷустуҷуҳо ҷунбиш ё ҳаракати ислоҳи ислом, аниқтараш ҳаракати ислоҳи шуури динии мусулмонон рӯи кор омад. Қайд намудан лозим аст, ки ҳама ҷунбишу ҳаракатҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳои исломӣ, ки дар замони нав рух додаанд руҳия ва характери динӣ гирифтаанд.

ҲНИ ҳам аз аввали фаъолияташ дар қатори ташкилотҳои террористӣ-экстеримистӣ будааст, ки инро аъзоёни ин ҳизб аллакай нишон доданд. Аз факту далелҳо маълум мешавад, ки ҲНИ то манъ карда шуданаш ва ҳоло ҳозир ҳам бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Инро ҳамоишҳои онҳо минтаќаи Аврӯпо боз як маротиба исбот кард ва фаъолияти ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон ба роҳ монда мешавад. Ҳамаи мо ваҳшонияти ҲНИ-ро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаромуш накардем. Афсуски онҳо дар семинар ва конфронсҳо чеҳраи террористонаи хешро нишон дода истодаанд. Имрўз роҳбарони ин ташкилоти террористӣ кўшиш менамоянд, ки бори дигар бо пуштибонии хоҷагонашон ба сари халќи Тоҷикистон мушкилию даҳшатро бор созанд. Хоҷагони онҳо бошад, мехоҳанд манфиатҳои ѓаразнокашонро дар Тоҷикистон татбиќ кунанд.

Халқи фарҳангпарвари кишварамон имрўз ҳушёранд ва дигар ҳаргиз намегузоранд, ки ягон ҷинояткор зиндагии осоиштаи моро вайрон кунанд ва неъмати бузурги миллатамон Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ