Гирдиҳамоии ТТЭ ҲНИ як дасисаи дигари фиребанда мебошад

(Изҳороти дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ Ҳошимова Ш.Ф.)

Дар асоси хабарҳои васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ хабар медиҳанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ куштор ва ҳодисаҳои террористӣ ба вуқӯъ меоянд, дар натиҷа одамони бегуноҳи осоишта ба ҳалокат мерасанд ва чандин нафари дигар ҷарроҳати вазнин мебардоранд.

Дар қарни гузашта Тоҷикистон низ ба вартаикуштор гирифтор шудва даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронид ва ҷанги бемаънии бародаркуш барои мардуми тоҷик сабақ шуд. Имрӯз дар ҷомеа як зумраинсонҳое пайдо шуданд, ки бо ҳар мақсади ғарази худ мехоҳанд Тоҷикистони ором ва гулгулшукуфии мороноором созанд.

Халқи тоҷикчӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмиву гурӯҳӣ ва динию мазҳабиро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ аз сар гузаронид. Ва аз дасисабозиҳо, найранг, ҳиллабозӣ, мансабталошӣ, фурсатшуморӣ, аввомфиребӣ ҲНИ бохабар буда, то имрӯз ҳазорон модарони тоҷик дард ва доғи фарзанду шавҳарро аз хотир фаромӯш накардаанд.Агар ба оғози ҷанги бародаркуш назар афканем ҳоло ҳам аз хотири халқ мафкураи бегона, бародар гулӯи бародарро даронидан ва дар арсаи низоҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид аз видеои хотири халқ набаромадааст. Насли миёнсол ва калонсол хуб дар хотир дорад, кибо “шарофати” ҲНИ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва фарҳангӣ чӣ қадар хароб шуд.

Имрӯззиёиёни тоҷикдар меҳвариақлу заковати худ аст.Ва дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии кишвар кӯшиш менамояд. Халқи тоҷик дигар ба бозиҳои сиёсии ҲНИбовар надорад. Бозичаи дасти бозингарони минтақавӣ будани ин ҳизб ва баъзе аз муллоҳо имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Сарпарастони лоиҳаи ҲНИ ҳар дақиқаю ҳар сония кӯшиш менамоянд шӯрангезӣ, куштор, нодонӣ, тафриқаандозиро аз соли 1992 то инҷониб дар қалби ҷангии мӯмину кофир густариш диҳанд. Мақсадҳои ҲНИ ғараз буда, ҳеҷ вақт ба мақсади нопоки худ намерасанд ва он иғвоангезие, ки аз баргузории “гирдиҳамоии бузург” хабар медиҳанд, боз як нағма ва дасисаи сиёсии ҳизб мебошад.

Итминони комил дорем, ки халқи меҳнатқарини тоҷик ба қадри ободӣ, созандагӣва бунёдкорӣ ҳар хишти девори Тоҷикистони соҳибистиқлол мерасад ва имрӯз насли созандаю тавоно барои ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ақл, заковат, имон, виҷдон ва ҳушёрии сиёсии худро аз даст намедиҳад.

Ҳамин тариқ зиёиёни имрӯзаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҷамъиятие, ки бо ҷомеа сару кор мекунад қиммати озодӣ ва ҳифзи истиқлолиятро дарк кунонад ва дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимї зиракии сиёсии шогирдонро бедор кунадва бо назардошти тамоми нерўву имконияти худ ба ҷомеаи имрӯза нафъ биёрад. Зеро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, одобу ахлоқ ва солимфикрии шогирдони зиёии имрӯза бояд раҳнамо бошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ