ДДХ: Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир

Маросими ифтитоҳии конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони Ҳамкории иқтисодӣҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир” бо ширкати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо, муҳаққиқону донишмандони марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва доираи васеи устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Дар оғоз дастовардҳои илмиву техникӣ ва маҳсули касбу ҳунари устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Конференсияи илмӣ-амалиро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба решаҳои амиқи таърихӣ ва дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек, робита ва ҳамкории ин ду миллати ҳамҷавор дар самтҳои гуногун, аз ҷумла фарҳангу таърих ва мероси маънавӣ ишора намуда, баён карда буданд, ки “ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавие буда, ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем. Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад. Дар садри ин бузургон, албатта Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд”.

Дар идома, роҳбарияти донишгоҳ номаи шодбошии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саидро ба иштирокчиёни конференсия қироат дошт.

Баъдан доир ба таҳкими муносибатҳои илмиву эҷодӣ ва фарҳангӣ, табодули таҷриба дар соҳаи таълим, илм, тарбияи мутахассисон, баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳо, дар марҳалаҳои гуногун, махсусан, даврони истиқлолият ҳарф зада гуфт, ки дар ин давра ҳамкориҳо ба худ мазмун ва рангу тобиши навро касб намуда, барои таҳкими дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкориҳои илмии ду ҷумҳурии ҳамсоя ва халқҳои ба ҳам бародар – тоҷикону ӯзбекон саҳми арзанда гузошт. Гуфта шуд, ки ин дигаргуниҳои судманд бо саъю талошҳои беандоза ва ташаббусҳои наҷибонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таърихи равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ба амал омад.

Сухан рафт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо 10 макотиби олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳо ва тафоҳумномаҳо ба имзо расонидааст.

Дар фароварди сухан Ҷамшед Ҷӯразода бо боварии комил арз дошт, ки равобити самарабахши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ин кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои илмиву фарҳанги ду ҷумҳурии ба ҳам дӯсту ҳамсоя равона шуда, ба манфиати халқҳои тоҷику ӯзбек хидмат менамояд. Минбаъд низҳамкории донишгоҳ бо ин муассисаҳои таълимӣ рушду тақвият ёфта, дар омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ заминаи муфид мегузорад.

Судири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Тоҷибой Султонзода баромад дошта, гуфт, ки дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллатиқдомҳое, аз қабили Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ваширкати адибону нависандагон, аҳли зиёи ҳарду кишвар дар чорабиниҳои мухталифисиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ роҳандозӣ гаштанд, ки барои рушди фарҳанг, маориф,илм, иқтисод заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, намояндаи Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирӯз Беков, раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд, Фарҳод Абдувализода, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Аслиддин Қамарзода, мудири шуъбаи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Равшан Назаров ва профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Ваҳҳоб Набиев доир ба масоили равобити судманд ва дӯстиву бародарии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъолияти судманди Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд, робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек дар давраи истиқлол, фарҳанг – пайвандгари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек маъруза доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ