​Дарси ибрат аз осори пурарзиши Пешвои миллат

11-уми марти соли 2019 маҳфили навбатии “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ бо мақсади омӯзиш ва тарғиби осори пурарзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ, асару дастурҳо ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобхонаи марказии донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабиниро директори китобхонаи донишгоҳ – номзади илмҳои филологӣ, дотсент Дилбар Самадова ҳусни оғоз бахшида, иқдоми ҷавононро баҳри баланд бардоштани савияи дониш, илму маърифат, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ бо истифода аз асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, номбурда аъзои маҳфилро бо муҳтавои асарҳои Пешвои миллат, ба монанди “Чеҳраҳои мондагор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Уфуқҳои истиқлол” шинос кард. Иштирокдорони маҳфил китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи он мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ