​Изҳороти омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқ

Ҷомеаии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров доимо пайрав ва давом диҳандаи корҳои бунёдкории Пешвои миллат мебошанд. Дар он толори САҳА (Варшава, 16-27.08.2019) бо чанд суханронии воизнамоҳои тӯҳматангезии ТЭТ ҲНИ, ПМТ, Гурўҳи 24 ва созмонҳои дигар мардуми тоҷик фирефтаи фитнаву иғво намегарданд. Конференсияи байналмилалии нишон дод, ки мақсади асосии ПМТ, ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24 танҳо як аст – соҳиб гаштан ба мансаб, соҳиб гаштан ба курсии қудрат, ташкили давлати исломӣ, ҷазо додан ба халқи бунёдкор.

Мо ҷомеаи донишҷ=ён, кормандон, устодон-олимони кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҳайрон мешавем, ки дар хориҷ истода тақдири халқи тоҷикро ҳал кардан меҳоханд. Дод бар он касоне, ки мушкилоти Тоҷикистонро баҳона ва ё абзори ба сари қудрат омадан месозанд, вақте ки дар Тоҷикистон мушкилоти норасогии барқ, нооромӣ, озуқаворӣ буд, ин мансабхоҳон масъалаи ба даҳонашон меомада ҳамоно маҳдудкунии қувваи барқ буд. Имрӯз НБО Роғун ва ду чархаи он фаъол гашт, дигар ин мавзуъро матраҳ намекунанд, оиди ин муваффақиятҳо сухан намеравонанд. Дар замони ҳозира онҳо масъалаи дигар – муҳоҷирати меҳнати, вайронкуниидавлптдориюҷашнҳои таърихӣ, суханронони сиёсатмадоронро ба маҳаки дағдағаҳои худ қарор додаанд. Аммл факти дуруст надоранд.

Таърих гувоҳ аст, ки агар Федератсияи Руссияро мисол гирем, дар он ҷо аз Украина, ´азоқистон, аз Ўзбакистон, аз Қирғизистон, аз Кавказ, Белорус, аз Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳам муҳоҷирони корӣ ҳастанд. ҳатто аз кишвари мутараққии Чин низ дар Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Дар дунёи имрўз муҳоҷирати корӣ як падидаи маъмулӣ аст, худи русҳо ба Аврупо ва аврупоиҳо ба ИМА ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маълумоти оморӣ исбот кардааст, ки миқдори муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо баробари тараққӣ ёфтани кишварамон кам гашта истодааст.

Оянда масъалаи таъминоти барқ комилан ҳалли худро меёбад ва батадриҷ корхонаҳо кушода мешаванд, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Дар рафти конференсияи байналмилалии намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз суханони ноҷоя нигаҳ доштани «пистаҳои бемағз»-и ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24,ПМТва дигарон кўшишҳои хуб нишон доданд, эътироз баён карданд.

Ба ҳамагон,аз он ҷумла ба ҷомеаи кафедраҳо таърихи Ватан ва археологияи. ҳуқуқшиносӣ, Таърихи умумӣ, Таърихи халқи тоҷик, Методикаи таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқи, факултети таърих ва ҳуқуққи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва матбуоти ҷаҳони маълум аст, ки дар рафти суҳбатҳо Мулло Раҳим Каримов, ки яке аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, Муҳиддин Кабириро ба баҳси ошкоро даъват намуд. Аммо М.Кабирӣ инро рад кард. Баҳс кардан бо нафаре, ки асрори пинҳонии ТЭТ ҲНИ-ро медонад, албатта бисёр чизҳои махфии ин ҳизби мамнуъро ошкор месозад ва расонаӣ мегардад.

Аз ин хотир бо ҳар баҳона Кабирӣ ин суҳбатро рад намуд. Ин амалро ба ғайр аз гурез аз ошкоршавии сирҳои пинҳонии ин нафарон, дигар чизе шарҳ додан мумкин нест. Худи Кабирӣ дар суханронияш изҳор дошт, ки «ораторҳои пешина» ҳама суханонро гуфтаанд, аммо на аз ПМТ, на аз Гурўҳи 24 ва ғайра ягон нафар сухандонии хуб ҳам накард, ки ба қавле «мурдаи ба гиристан шоиста» бошад. Душманониқаттоли миллати тоҷик-онҳо ба мисоли роботҳои барномарезишуда суханронӣ доштанд ва ҳис ҳам мешуд, ки матнҳояшонро на худашон, балки раҳнамоҳо ва хоҷагони пасипардагияшон навиштаанд.

Инсони комил ҳайрон мешавад, кивайронкорони касбӣ аз ҳеҷ фаъолияти номаҳрам ҳам даст намекашанд. Оняда онҳо даргуҷр ҳаёт ба сар мебаранд?. Халқи тоҷик бо роҳбари Пешвои муаззами миллат ба ҳамаи муҳолифони давлат ошти эълон карда, ба ваҳдати миллӣ гузашт. Онҳо аз нав вайронкори, фаъолияти ТЭ, одамкуширо қабул карда, дар хориҷӣ кишвар дод мезананд. Онҳо ватанфурушони касбиихалқи тоҷикбуданд, ҳаст ва мемонанд. Аз онҳо ҳазар мекунем. Зиёда аз ним асраи истиқлолият исбот намудан, ки роҳи интиҳоби халқи тоҷик, ҳукумати қонуни дуруст мебошад.Онро ҷомеаи кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров пурраги тарафдори карда, ташвиқоти фаҳмондадеҳӣ мебранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ