​Роғун – кафили инкишофи босуботи Тоҷикистон ва минтақа

«Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз намудан, амнияти мамлакату оромии ҷомеаро таъмин кардан ва манфиатҳои миллатро пуштибонӣ карда тавонистан аз мову шумо иҷрои корҳои бузургу барномаҳои стратегиро барои даҳсолаҳои дигар тақозо мекунад.

Аз ҳамин лиҳоз, мо вобаста ба имкониягҳои мавҷудаи моддиву молиявӣ ҳадафҳои такдирсози страгегӣ - истиқлолияти энергетикй, истиқлолияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионй, таъмини пешрафти мунтазами иқтисодиёт, сиёсати пайгиронаи иҷтимоӣ, таҳкими амнияти мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифта, мехоҳем Ватани азизу муқаддаси худ - Тоҷикисгонро ба сафи кишварҳои пешрафтаи олам расонем».

Э. Раҳмон


Имкониятҳои таъмини бехатарии амнияти энергетикӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба захираҳои мавҷуда асос меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар мақолаи худ бо номи «Тоҷикистони соҳибистиқлол 15-сола шуд» дар Фаслномаи илмии «Ирано-Славика», Маскав, 2 (10), 2006 менависад, ки «...Аз рӯйи таҳқиқи коршиносон, дар дунё захираи манобеи табиии сӯхт ва монанди инҳо рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Аммо Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энергетика мебинем».

Тољикистон новобаста аз захирањои беинтињои обї ва гидроэнергетикӣ, ташаббускори истифодаи оќилонаи захирањои обї дар миќёси регионалї ва љањон мебошад. Мањз бо ташаббусњои Асосгузори сулњу вањдати Миллї, Пешвои Миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, Мўњарам Э. Рањмон, Ассамблеяи Генералии СММ бо Ќарори худ тањти №5/196 аз 20.12.2000 соли 2003 – ро соли «Соли байналхалќии Оби Тоза», бо Ќарори дигари худ тањти № 58/217 аз 23.12.2003 солњои 2005-2015 –ро Дањсолаи Байналхалќии амалиёти «Об барои Њаёт» эълон дошт.

Дањсолаи Байналхалќии амал «Об барои Рушди Устувор, солњои 2018 - 2028» ташаббуси чоруми глобалии Тољикистон оиди масъалањои обї мебошад, ки аввалин маротиба аз тарафи Президенти Ҷумњурї Эмомалї Рањмон дар рафти форуми 7 – уми Байналхалќии об дар республикаи Кореяпешнињод шуда буд.

Тољикистон ќариб нисфи захирањои обии минтаќаро доро бошад њам, лекин сиёсати истифодаи оќилонаи обро дар асоси принсипњои њамкорї ба роњ мондааст. Ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон вобаста ба проблемањои регоналї ва глобалии марбут ба об, аз тарафи љомеаи љањонї пазируфта шуда, дастгирї ёфтааст. Ташаббусњои Президенти Љумњурї оѓози раванди умумиљањонии муносибатњои нав ба захирањои обї гаштааст.

Захирањои умумии солонаи гидроэнергетикї 527 млрд. кВт. соат буда, аз рўи нишондињандаи мутлаќ Тољикистон дар љањон пас аз Хитой Русия, ИМА, Бразилия, Республикаи Демократии Конго, Њиндустон ва Канада љои њаштумро ишѓол мекунад. Аз рўи нишондињандањои нисбї, яъне аз рўи таќсимоти захирањои гидроэнергетикї ба њар сари ањолї (87,8 њазор кВт соат сол/одам), љои дувум ва аз рўи таќсимоти захирањои гидроэнергетикї ба њар як километри квадратї дар як сол (3682,7 њазор кВт соат сол/км2) љои якумро ишѓол мекунад.

Бояд ќайд кард, ки саноати энергетикї якљоя бо хочагии ќишлоќ, яке аз соњањои асосии иќтисодиёт мањсуб мешавад, чунки дараљаи инкишофи иќтисодии њамаи соњањои хољагии халќро муайян карда, дар як ваќт вазифањои иљтимоии таъмини талаботи табиии ањолиро ба гармї ва равшанї иљро менамояд.

Лекин дар як ваќт заминаи табиии инкишофи соњаи саноати электроэнергетика дар Тољикистон танњо гидроэнергетика мебошад, чунки Тољикистон дорои захирањои беинтињои тамомнашавандаи аз љињати экологї тоза мебошад, лекин, мутаассифона ҳоло њамаї 5%-и ин захирањо истифода мешаваду халос.

Имрўз 95% истеҳсоли энергияи барқро дар Тољикистон гидроэнергетика ташкил медињад, кибо самаранокии зиёди худ фарќ мекунад. Арзиши аслии электроэнергетика дар Тољикистон бо дарназардошти сикли пурраи истењсолот, кашонидан (транспортировка)ва таќсим кардан аз 0,68 сент/ кВт.с. зиёд нест.

Бархилофи Тољикистон, дар мамлакатњои њамсоя энергия дар стансияњои электрикии сўзишворї истењсол мешавад, ки дар онњо арзиши аслии электроэнергия 2 – 2,5 сент/ кВт.с. мебошад, ки нисбат ба арзиши аслии истењсоли электроэнергетика дар Тољикистон 6 – 8 маротиба баланд аст. Њоло дар ин љо дар бораи њисороте, ки энергетикаи анъанавї ба муњити атроф мерасонад, сухан намеравад.

Истењсоли барќ аз об (НБО) аз истењсоли барќи сарчашамањои мухталиф (станисяҳои электрикии ҳароратӣ – СЭҲ ё ТЭС, ва стансияҳои электрикии атомӣ – СЭА ё АЭС ) аз њама арзон буда, арзиши аслии он нисбати барќи аз СЭА истењсолшаванда 6 – 8 маротиба паст аст ва ин фарќият оянда дар натиљаи зиёд шудани нархи нефт ва газ, боз њам меафзояд.

Мутобиќи принсипњои инкишофи устувори протоколи Киото, маќсади асосии инкишофи минбаъдаи энергетикаи љањонї, кам кардани сањми истењсоли барќ аз сарчашмањои анъанавї ва иваз кардани онњо ба сарчашмањои ѓайрианъанавї мебошад. Таҳти таъсири тағйирёбии глобалии иқлим дар бахши энергетика низ дигаргуниҳои муайян бояд ба вуҷуд оянд. Дақиқ кардани эҳтиёҷот, қабули тадбирҳои мутобиқгардонӣ ва таъмини рушди соњаи энергетика бо дарназардошти иқлими тағйирёбанда, бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун масъалаи афзалиятноки расидан ба рушди устувор баррасӣ гардад.

Маълум аст, ки ҳиссаи асосии партови газҳо ба соҳаи энергетика ва саноат рост меояд, ки онҳо барои таъмини эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон асосан захираҳои сӯзишвориро истифода мебаранд. Бинобар ин зарурати қабули тадбирҳои фаврӣ доир ба рушд ва азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ кардани технологияҳои каммасраф ба вуҷуд омадааст. Чунин иқдом сатҳи вобастагиро аз дигар навъҳои анъанавии энергия, ки ба муҳити зист таъсири амиқ мерасонанд, паст мегардонад. Дар Осиёи Марказӣ мисли бисёр минтақаҳои сайёра ҳиссаи асосии энергияи барқи истеҳсолшаванда ба нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳар сол ба атмосфера миллионҳо тонна партовҳои газро хориҷ мекунанд. Дар ҳоле, ки минтақаи Осиёи Марказӣ иқтидори ниҳоят бузурги гидроэнергетикӣ дорад, имрӯз танҳо 10 фоизи он истифода мегардад. Танҳо дар Тоҷикистон иқтидори солонаи захираҳои гидроэнергетикӣ беш аз 527 миллиард киловатт - соатро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба эҳтиёҷоти имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ се баробар зиёд мебошад.

Азхудкунии онҳо на танҳо боиси кам шудани ҳаҷми партови газҳо ба атмосфера шуда метавонад, балки имконият медиҳад, ки нерӯи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда шавад, ки дар навбати худ ба мо барои дастрасии «кредити карбонӣ» тибқи Протоколи Киото имкон фароҳам меорад. Тоҷикистон аз љињати партови газҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҷои охирин қарор дорад. Бо назардошти масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи азхудкунии комплексии иқтидорҳои мавҷудаи гидроэнергетикиро пеш гирифтааст, ки ин раванд имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти афзояндаи на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои ҳамсоя низ, ки намудҳои зеризаминии сӯзишвориро ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ истифода мекунанд, қонеъ гардонад.

Тибқи маълумоти олимону мутахассисони соҳа бармеояд, ки дар давраи аз соли 1956 то соли 1990 сеяки захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ кам шудааст ва ин тамоюл идома дорад. Зиёда аз ин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули қариб 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ беш аз 35 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд.

Дар чунин шароит, яъне гармшавии фарогири иқлим аҳамияти обанборҳое, ки дар назди нерӯгоҳҳои барқии обӣ сохта мешаванд, ба маротиб меафзояд. Дар даврае, ки дар Осиёи Марказӣ бар асари коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо ва афзоиши истеъмоли он камбудии захираҳои об торафт шиддат мегирад, обанборҳо дар масъалаи таъмини амнияти об дар минтақа нақши бисёр муҳим мебозанд.

Афзоиши аҳолии Осиёи Марказӣ, ки аз 20 миллион нафар соли 1956 то ба 65 - 70 миллион нафар дар имрӯз расидааст, шиддати масъаларо боз ҳам тезу тунд мекунанд. Чунин таркиши демографӣ, табиист, ки боиси азхудкунии босуръати заминҳои обёришаванда гардида, майдони чунин заминҳо аз 2,5 миллион гектари ибтидои асри ХХ то 9 миллион гектар дар охири аср расидааст.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол солҳои охир дар баррасии масъалаҳои ҳалталаби экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, иштироки фаъолона дорад. Соли 1998 аз ҷониби Ҳукумати кишвар Конвенсияи тағйирёбии иқлим ба тасвиб расидааст ва дар асоси талаботи ин Конвенсия оид ба паст намудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим як қатор тадбирҳо андешида шудааст. Аз ҷониби Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи коршиносон ду Ахбороти миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим таҳия шуд, ки дар онҳо маълумотҳои мавҷуда оид ба тағйирёбии иқлим таҳлил ва ҷамъбаст гардидаанд.

Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, оби тоза, гидроэнергетика, дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаббусу пешниҳодҳои мушаххас ироа гаштаанд, ки онҳо ба беҳдошти вазъи экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардидаанд. 3 сентябри соли 2009 Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии глобалии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, суханронӣ карда, вазъи тағйирёбии иқлимро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳлил ва баррасӣ намуд. Дар маърӯзаи сардори давлат проблемаи нигаҳдории пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ таҳлил шуда, махсус зикр гардид, ки ҳалли самараноки ин проблема ба кӯшиши якҷояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад ва яке аз роҳҳои паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ инкишофи гидроэнергетика ба ҳисоб меравад. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар муқобили энергияи сӯзишворӣ метавонад партовҳои газҳои гармиро ба атмосфера маҳдуд созад ва таъсири номатлуби тағйирёбии иқлимро то андозае паст намояд.

Муаммои асосии соњаи энергетика дар давлатњо, ин таъсири манфии он ба табиат ва истифодаи захирањои минералии барќарорнашаванда мебошад. Њарчанд ин соња муаммоњои экологиро тезу тунд кунад њам, лекин истифода бурдани тавонистани энергия ҳамеша роҳи наҷоти инсоният буд. Ва ҳоло дараҷаи истеъмоли энергияи ба ҳар сари аҳолӣ, яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи на танҳо иқтисодӣ, балки нишондиҳандаҳои иҷтимоиро низ дарбар гирифта, дар бисёр ҳолатҳо сатҳи зиндагии мардумро пешгӯӣ мекунад. Ин аст, ки бисёр вақт мегӯянд, ки энергетика ҷаҳонро идора мекунад.

Ҳалли ин проблема, яъне инкишофи мунтазами иқтисодиёт ва роҳ надодан ба инкишофи соҳаи энергетика, ки табиати атрофроифлос мекунад, муаммои асосоииҷамъияти муосир мебошад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергияи барқароршаванда мебошад, ки яке аз ин сарчашмаҳо гидроэнергетика мебошад. Захирањои гидроэнергетикии Тољикистон метавонад, тамоми минтаќаро бо барќи арзонї аз љињати экологї тоза, бо истилоњ «Энергияи сабз» таъмин намояд. Њоло дар њамаи мамлакатњои Осиёи Марказї таќрибан 150 млрд кВт.с дар як сол барќ истифода мешавад, ки ин аз нишондињандањои техникии Тољикистон ду маротиба кам аст. Дар як ваќт соњаи гидроэнергетика дар Тољикистон масъалаи дигари муњим, масъалаи танзими љараёни дарёњо ва обёрикунии заминњоро на танњо дар Тољикистон, балки дар тамоми давлатњои минтаќа њал мекунад. Мањз њамин унсурњо вазъияти имрўзаи энерегетикаи Тољикистон ва стратегияи дурнамои инкишофи онро муайян мекунад.

Устодону омузгорони кафедраи географияи иҷтисодӣ ва демографияи факултети геоэкологияи МДТ«ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ