​Изҳороти олимони ҷавони факултети филологияи тоҷик

Мо олимони ҷавон тариқи васоити ахбори умум огоҳӣ дорем, ки санаҳои 22-23 июл дар минтақаи марзӣ байни сокинони деҳаҳои Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон низоъ сар зада бо оқибатҳои хунин анҷомид. Ба наздикону пайвандони устоди марҳум Ҷалол Қароев сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комил хоҳонем. Рафтору кирдори бадтинатонаи душманонро дар мавриди қатли омӯзгори бегуноҳ ва захмӣ кардани сокинони осоишта шадидан маҳкум менамоем.

Бояд қайд кард, ки сокинони сарбаланди Ворух дар мавриди ҳамсоягиву дӯстӣ мунтазам бо расму суннатҳои аҷдодӣ амал намуда, бо сокинони ҳамсоякишвар паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагии осудаҳолона мебаранд. Аммо бархе аз бадхоҳон байни сокинони осоишта тухми низоъ ва кина кошта, мардумро ба таҳлука меафкананд.

Мо мардуми кишвар ва бахусус мардуми саодатманди Ворух набояд лаҳзае эҳсоси яъсу ноумедӣ кашем. Зеро давлатдории навини миллӣ ва халқи шарафмандро шахси оқилу ғамхор, инсони дурнигару ватандор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳбариву раҳнамоӣ намуда ба маҳбубияти халқ ва унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат сазовор гардиданд.

Хушбахтона бо талоши пайгирона ва даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июл дар марз мулоқоти бевоситаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков баргузор гардида, ба масъалаҳои баҳсӣ хотима гузошта шуд.

Итминони комил дорем, ки аз ин ба баъд Ворухро рӯзҳои нек ва ояндаи дурахшонтар интизор аст.

Мо ҷавонон ҳамеша бо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳастем ва бо исрор зикр медорем, ки ҳар як каф хоки ватан пораи қалби гуҳарбори ҳар як тоҷику Тоҷикистонист!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ