Мо – ҷавонон нисбати ояндаи Ватани азизамон бетараф нестем!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар баробари таҳлили тамоми соҳаи ҳаётан муҳими кишвар ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз доштанд, ки “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд”.

Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт.

Гарчанде амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, ҳамоно мавзеҳҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешавад, зеро ҳадаф ин ба тарс ва воҳима андохтани мардум аст.

Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст ва пас аз марг дар байни ҷомеа обрӯву нуфузи бештаре пайдо мекунад. Ҳатто бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гуруҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Аммо таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки шахсони гумроҳшуда ба лӯхтаки зархаридони хориҷӣ ва баъзе доираҳои манфиатҷӯй табдил ёфта, оқибати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг меанҷомад.

Ташкилотҳои террористӣ то ба андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки террорист-худкуш тасодуфан аз марг эмин мондааст, аммо аз мақсаду роҳи интихобкардааш барнамегардад. Қаблан чунин меҳисобиданд, ки террорист-худкуш асосан аз ҳисоби шахсони камбағал ва бешуғл омода мегардад, аммо таҳлилҳо ин ақидаро инкор намуданд. Тавре номзади илмҳои педагогӣ, корманди илмии Институти психологияи Академияи илмҳои Россия, мутахассис дар самти психологияи иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ - Соснин Вячеслав Александрович дар мақолаи худ таҳти унвони “Современный терроризм и проблема мотивации террористов смертников” менависад: “Таҳлили ҳуҷҷатҳои «Святые мученики двуречья»-и фарогири 430 ҳолномаи террорист-худкушони ташкилоти террористиву эксремистии “Ал-Қоида” аст, нишон дод, ки дар байни террористони худкуш шахсони дорои шуғли бо маоши баландтар таъмин кам нестанд”. Ӯ террористро шахси аз ҷиҳати равонӣ фавтида донистааст.

Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ташкилотҳои террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала баҳои ҳақиқӣ дода, иброз доштаанд, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.”

Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта (2017) бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. 32% қурбониён ва 53% маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд”. Саволе ба миён меояд, ки онҳо чӣ гуноҳ доштанд?

Баҳри пешгирии зуҳуротҳои номатлуб, аз он ҷумла терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст:

  • баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд;
  • дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводҳои илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад;
  • эҳтироми атрофиёнашро новобаста аз синну сол, миллат ва нажод ба ҷо орад;
  • нисбати вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошад;
  • аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбад ва ба он баҳои воқеӣ диҳад;
  • Ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан дар ободии он, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро воситаи комёбиҳои беназир ва хушбахтии беканор донад;
  • Воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводҳои шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намояд, зеро гуруҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.
  • Танҳо филмҳои тарбиявиро тамошо кунад ва аз филмҳои инъикоскунандаи қатлу куштор, бераҳмиву бемеҳрӣ даст кашад;
  • Ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ӯро хурду бузурги хонадон бо умедҳои созанда менигаранд ва баҳри хушбахтии ӯ талош меварзанд;

Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд”.

Муталиб Маҳмудов

донишҷӯи курси 3-юми

факултети таърих ва ҳуқуқи

Муассисаи давлатии таълимии

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ