​Шаҳодатгари сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи ҳокимияти Тоҷикистон

Таърих собит намуд, ки воқеан ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун буда, ба ақидаҳои ифротӣ омезиш ёфтааст. Сокинони равшанфикри Тоҷикистон ба дурустӣ дарёфтанд, ки Ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёҳи сиёсӣ, тарҳрезии нақшаҳои разилона барои дастёбӣ ба мансаб ҳадафи дигаре надорад. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавӣ сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд.

Фаъолияти Ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзои таблиғгару сияҳкори он бо сарпарастии бевоситаи Эрон тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст. Солимфикрони ҷомеа ба хубӣ дарк намуданд, ки ба нақша гифтани ҳар гуна амалҳои хушунатомез, халалдор кардани амнияти дохилидавлатӣ, гумроҳ кардани аъзоёни ҷомеа, умуман бар зидди сулҳу ваҳдат давъват кардани мардум ва ба ин васила роҳ кушодан барои ғасби ҳокимият, ҷумла матлаби хоинони давлат таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аст.

Бинобар ин, аз ҷониби ИМА созмони ҳарбии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Ҷумҳурии исломии Эрон Созмони террористии байналхалқӣ эълон карда шуданаш барои мардуми Тоҷикистон воқеаи ғайричашмдошт набуд. Зеро баъди ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон, ки дастпарвари бевоситаи онҳо аст, Эрон сардори ин ташкилотро ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ кард. Ин бори дигар собит намуд, ки дар соли 2015 хотима бахшидан ба фаъолияти макрангези ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон шаҳодатгари сиёсати хирадмандона ва дурандешана аст.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ