​Шукронаи Ватан кунем!

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд.

Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикисон дар заминаи “Стратегитяи миллӣ оид ба мубориза бо ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020”-ро қабул намудааст.Яъне ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушаххаси худро дар ин самт дорост ва ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай роҳандози намудааст.

Ҳар сокини кишварро баробари шукргузорӣ аз рӯзгори ободу осуда тафаккур ва андеша дар мавриди тақдири ҷаҳон мебояд, ки он ба тинҷиву осудаги кишвар марбут аст. Ривоҷ бахшидан ба фазои сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон чун имруз дар радифи кишварҳои тинчу осуда қарор дошта бошад ва дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангези олам саҳми худро гузорад.

Мо бояд аз Истиқлолияту озоди ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукронаиВатани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба чо орем ба давлати боҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳаммаи сайъу талоши худро ба хотирипешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланед бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикиисони азизамон равона созем.

Лекин солҳои охир рафтору фаъолияти баъзе аз “ҳамватанон”-ро дида, дар ҳайрат мемонем, ки ин кадар бешарафу ҷоҳил ва ҳоини Ватан гардиданд. Имрузҳо нафароне, ки дар хориҷа истода мехоҳанд бо ҳар роҳу васила номи Тоҷикисиони азизамонро дар байни созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хурду бузург мехоҳад сиёҳ кунанду худро бошанд сафед.

Мисоли ин гуфтаҳо Паймони Миллӣ Тоҷикистон ва аъзоёни онбо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Имруз ин нафарон мехоҳан бо иваз кардани номи худ ва бо ивази ин мехоҳанд худоро дар чомеаи Тоҷикистонсафед кунанд. Лекин ҳар фарди кишвар аз амалҳои нопоки шумоён бохбар хастан ва ранҷҳои кашидаи мардум солҳои 90-уми қарни гузашта аз ёд набаромадааст ва мисоли исботи ин амалҳои нохалафонаи Хизби Назҳати Исломӣ ки ба сулњу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон.

Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик. Лекин амалҳои разилонаи хоинони миллати хенҷ ба мақсад намерасад. Зеро имруз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик бо Сарварӣ хирадмандаш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бар зидди он нафароне хастанд, ки мехоханд кишварро ноором созанд мубориза хоханд бурд.

Академик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ