​Ҳудуди Тоҷикистон дахлнопазир аст!

Солҳои охир низоъҳои гуногуни сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизитон сабаби коҳиш ёфтани муносибатҳои ин ду давлати ҳамсоя гардиданд. Низоъи навбатие, ки дар таърихи 22 июли соли равон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, байни сокинони Ворух ва Оқсой сар зад сабаби боз ҳам тезутунд гардидани муносибатҳо гардид. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти ду кишвари ҳамсоя ҷиҳати ба танзим даровардани низоъҳои сарҳадӣ қарор карданд, ки вохӯрии сатҳи олӣ дар минтақаи баҳснок баргузор намуда бошанд. Санаи 25 июли соли равон вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээебеков дар минтақаи сарҳадӣ баргузор гардид. Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қирғизистон сафарӣ корӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа бисёре аз масъалаҳои баҳсталаби марзӣ ҳалли худро ёфтанд.

Лекин, мутаасифона, дирӯз низоъи навбатӣ дар дигар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон сар зад, ки воқеан нигаронкунанда аст. Сабаби сар задани низоъ майдончаи варзишии МТУ №8-и ҷамоати Овчи-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гаштааст. Гарчанде майдончаи варзишӣ ҳудуди Тоҷикистон аст, сокинон ва марзбонони кирғиз онро ғайриқонунӣ ғасб намуда, барои истифодаи он ба шаҳрвандони мо монеагӣ эҷод намуда истодаанд, ки ин ҳолат метавонад сабаби бо ҳам тезутунд гардидани муносибатҳои ду давлати ҳамсоя гардад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ доимо ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона ва эҳтироми манфиатҳои мутақобила бо ҳар як мамомилики ҷаҳон буд, ҳаст ва мемонад. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ монанди дигар давлатҳо манфиатҳои худро дорад, ки ҳимояи онҳо қарзи муқаддаси ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Ҳар як кишвари ҳамсоя (аз ҷумла қирғизҳо) бояд амиқ дарк намояд, ки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазир ва тақсинопазир аст.

Имрӯз аллакай ҳамагон воқифанд, ки сабабгори асосии ба вуҷуд омадани низоҳои марзӣ баъзе аз ашхоси фитнаангези қирғиз ҳастанд. Маълум аст, ки онҳо манфатҳои худро аз манфиатҳои кишварашон боло мегузоранд ва ҷонибдори хубтару беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя нестанд. Илова бар ин, чунин ҳолат нишон медиҳад, ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Қирғизистон наметавонад фаъолияти чунин одамони фитнаангезро дар доираи қонун қатъ намояд.

Ҳамин тавр, умедворем, ки роҳбарият ва сокинони марзии қирғизистон ақлро аз ҳиссиёт боло гузошта, барои шиддат нагирифтани низоъ чораҳои мушаххас меандешанд.

Камолиддини Раҷабзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ