Дини ислом – дини ростин ва покизагист!

Ахлоқ ва афкори мардуми тоҷик дар гузашта, ки аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ маншаъ мегирад, боиси пешрафт ва сазовори обрў ва эътибори ҳамидаи ҷомеа гардидааст.

Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода дар мақолаи хеш дар мавзўи «Дин ва арзишҳои миллӣ», бобати низои тамаддунҳо дар давлатҳои мусалманонӣ ба монанди: Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ва дигарҳо нисбати даст ба куштори якдигар задан, нуқтаи назар намуда, дуруст қайд намудааст, ки китоби муқаддаси Қуръон раҳнамо - расидан ба ваҳдат, сулҳу суббот, муттаҳидӣ ва дар заминаи он ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, забонӣ, фарҳанги миллӣ ва озодӣ ба ҳисоб меравад.

Муаллиф дуруст қайд намудааст, ки «Масъалаи мазҳаб ва миллит дар ҳамаи давру замон ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гумм накардааст».

Баҳри шинохти ҳуввияти миллӣ, дину оин, мазҳаб, арзишҳои динӣ хидмати бузургӣ соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (р) беандоза бузург мебошад. Дар ин васила бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида буд.

Мутаассифона, имрўзҳо зери ливои ислом баъзе аз ашхосони манфиатҷў, баҳри манфиатҳои ғаразноки хеш онро асос нумуда, ҷавононро барои соҳиб шудан ба мақсадҳои нопоки худ ҷалб менамоянд. Дар ҷаҳони муосир шоҳиди он гашта истодаем, ки терроризму экстремизм натанҳо хатари минтақавӣ дорад, инчунин ҷомеаи ҷаҳониро ба хавфу хатари худаш ба таҳлуқа овардааст. Насли ҷавони моро низ бигзор кирдору амалҳои разилонаву хиёнат коронаи бархе аз ҷавонони тоҷик, ки ба кўи гумроҳи рафта, ба ҳаракату гурўҳҳои террористиву экстремистӣ бахусус, дар сафҳои давлати бо номи исломии Ироқу Шом ҷангида истодаанд, сабақ гардад.

Такя ба мақолаи пурмўҳтавои сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, насли солими ҷомеа бояд тарғибгари одобу ахлоқи шоиста, дўстиву рафоқат, шаъну шараф ва ҳитоягари миллати тоҷику Тоҷикистон бошад.

Ҷўраев М.С. муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археологияи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ