​Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ

Чанд рўз пеш дар Женева нишасти Кумитаи ҳуқуқиинсониСозмониМиллали Муттаҳид оғоз ёфт, дар кори ин нишаст ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонба Созмони Миллали Муттаҳид гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои иҷрои ӯҳдадориҳояш дар риояти ҳуқуқи инсон ва иҷрои Санади байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст. Бароииштирок дар нишастҳайатиТоҷикистон зери раҳбарии Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ба шаҳри Женева рафтаанд.

Дар ҷаласа рӯзи дуюми июл вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори Генералии мамлакат Юсуф Раҳмон иштирок намуд. Дар рафти ҷаласа ҳайати Тоҷикистон ба тамоми саволҳои пешниҳодгардида ба таври муфассал ҷавоб доданд. Аз ҷумла дар бораи сабабҳои манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, омадааст, ки ҳизб дар ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 даст дошт ва барои ҳамин созмони террористӣ ва тундрав номида ва фаъолияташ қатъ шуд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон “аъзои ҳизб бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ “ҳамроҳ бо Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ бештар аз 20 гурӯҳи ҷиноии 15 то 30-нафарӣ таъсис додаанд.”

Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш тинҷиву оромии кишвари моро намехоҳанд. Баъди оне, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои кумита бо далелҳо ҷавоб доданд хоинони миллатиброз доранд, ки “Ҳайати Тоҷикистон аз имтиҳон нагузашт”. Шумоён мухолифони ватани азизи мо аз имтиҳон нагузаштед, зеро тамоми оламиён ки будани Шумоён ва чи гуна ташкилот будани Паймонро медонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми оинномаҳои байналмилалиеро, ки қабул кардаастпурра риоя намуда дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол намегардад. Дар муддати чанд соли гузашта Ҳукумат корҳои зиёде барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла риояти ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, озодии баён, озодии дин корҳои зиёде анҷом дода ва барномаҳои зиёде амалӣ кардааст.

АКВА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ