​Аёдати пирон ва маъюбон аз ҷониби устодону донишҷўён

Бо ташаббуcии раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” як гурўҳ устодон ва донишҷўён аз Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Зимни аёдат мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ-Заррина Рустамова бо бошандагони марказ суҳбати гарму самимӣ ороста, баён намуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз ин ҷост, ки ба пиронсолон ва маъюбон пайваста кўмакҳои моддиву маънавӣ расонида шуда, аёдат намудани онон ба ҳукми анъана даромадааст.

Зикр гардид, ки роҳбарияти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ба ҳаёту зиндагии пиронсолон ва маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ба таври доимӣ ба онҳо кӯмакҳои моддӣ ва маънавии хешро мерасонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ