​Мардуми ваҳшии қирғиз ва ҳизби ифротии наҳзат

Вақеан ҳам пас аз изҳороти Маркази матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣдоир ба ҳодисаи ғайриинсонии ҷониби Қирғизистон дар шаҳри Исфара аксари мардуми кишварро нигарон кард. Дар пайи ин ҳодиса ҳатто як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн дар қаламрави шаҳри Исфара ба ҳалокат мерасад ва мо хуб огаҳӣ дорем, ки бо барангехтани чунин воқеаҳои мудҳиш дар солҳои гузашта дар ин минтақаи сарҳадии кишвар чандин нафар дар натиҷаи тирпарронӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳамчунин дар баробари кушта шудани Ҳакимов Ҳусейн нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ мешаванд. Акнун савол ба миён меояд, ки чаро намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки ҳар шаб Ҳукумат ва мардуми тоҷикро мавриди танқидҳои буҳтономез қарор медиҳанд, хомӯширо ихтиёр кардаанд. Зеро ба онҳо ба вуқӯъ пайватани чунин ҳаракати ғайриинсонӣ хеле хушоянд аст. Душманони миллат бояд бидонанд, ки Ҷумҳурии Қирғизистон саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, Роза Усарова мебошад, ки ин иқдомро барои ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст ва мақомоти Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди ин аҷӯзаи пулхоҳу манфиатҷӯ оҷиз ҳастанд ё худро оҷиз вонамуд менамоянд. Яъне зоҳиран ҳамин гуна аст. Вале, маълум аст, ки ҳодисаи мазкур пас аз оғозисохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ» ба вуқӯъ пайвастааст. Ба аъзоёни ТТЭ ҲНИ бояд расонд, ки бо ҷорзаниҳои бефоида кишварро дар хориҷ муҳофизат карда намешавад. Имрӯз сарҳади Тоҷикистонро қирғизҳои манфиатҷӯ ғайриқонунӣ гузашта сохтмони роҳҳоро ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Шуруи корҳо дар ин қисмати сарҳад хилофи қарордоди байни ду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистонба шумор меравад. Акнун майдо аз далер аст. Агар Шумо виҷдон доред, хомӯш наистед ва ҳамин даъвоҳои пучу бефоидаро бар зидди қирғизҳо низ куне два ба ташкилотҳое,ки Шуморо маблағ медиҳад, бигӯед то Қирғизистонро таҳрим кунад. Ин ба манфиати кор барои миллат хоҳад буд. Ақалан як маротиба ғами миллатро хӯрдан лозим аст. Ҷумҳурии Қирғизистон бояд эҳсос намояд, ки дар шароити кунунӣ ба вуқӯъ пайвастани чунин воқеаҳои ғайриинсонӣ ба ҳарду ҷониб фоидабахш нест, вале ин кишвар ҳам мисли Шумо ду чашмашро ба куҳсори Тоҷикситон дӯхтаанд. Мардуми тоҷик акнун интизори ҳар гуна «қаҳрамониҳо» мебошад.

Каримов Кайхусрав

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ