​Паймони хиёнаткорони миллат

Имрӯзҳо дар хориҷи кишвар иддае аз фарзандони хиёнатпешаву гумроҳи миллат бо роҳбариву роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ кӯшиши идомаи фаъолияти ғайриқонқӣ намуда истодаанд. Ин тоифа гумроҳон, ки қаблан бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом бо иғвоангезӣ мардумро ба қатлу куштор ва зидди ҳокимияти амалкунанда бармехезониданд имрӯзҳо низ кӯшиши бо номи демократ содир намудани аъмоли зишти хешро намуда истодаанд.

Мардуми Тоҷикистон аз аъмоли разилонаву манфур ва зиддимиллии ин қабил афрод ҳанӯз аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахубӣ огаҳӣ дорем. Мо медонем, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом маҳз бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ ҳамагуна арзишҳои миллиро паси по зада, роҳбарони он чӣ гуна барои рехтани хуни ноҳақи мусалмонон фатво содир менамуданд. Барои душманони миллат, ки Ватан, миллат ва дину мазҳаб ҳеҷ арзиш надорад таъсис додани ташкилоти ифротие бо номи Паймони миллӣ ба ҷуз аз бадномкунии номи Тоҷикистони азиз дигар чизе нест. Бо таъсиси чунин ташкилоту паймон ва ё анҷуману дигару дигар ин тангназарон мехоҳанд ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида дар ақсои олам сари тоҷдори мардуми кишварро хам созанд.

Агар аз нигоҳи таҳлил назар афканем мушоҳида мешавад, ки паймон бастан аслан бо гуруҳе ё созмоне анҷом хоҳад пазируфт. Аз нигоҳи дигар аз номи миллат он касе ва ё шаҳрвандоне бояд сухан гӯянд, ки дар Ватан ҳастанду барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода, лоақал дастовардҳои давлату миллатро ҳифз ва афзун мегардонанд. Аммо дар паймони миллие, ки пасмондаҳои наҳзат бунёд намудаанд, на паймон дида мешаваду на миллат.

Хушбахтона бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом памони миллӣ низ дар Тоҷикистон ба сифати ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардида.

Бинобар аъмоли зиддимиллии ин тоифа тангназарони намазкада, оқибатҳои фоҷиавии кирдори разилонаи онҳо мо аҳли илму маърифат ва зиёи кишвар фаъолияти ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ ва ТЭТ ПМ-ро шадидан маҳкум менамоем. Ба аъзо ва пайравони ин гуруҳҳо таъкид менамоем, ки аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон ва Ватану миллат ҳарф назананд, зеро ба ин ҳуқуқи маънавӣ надоранд.

Озод Исломов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ