​Озмун: Донандаи беҳтарини фанни педагогика муайян шуд.

Бо ташаббуси Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ дар назди МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ва кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ озмуни "Донандаи беҳтарини фанни педагогика" дар се давр барои донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ баргузор гашт.

Даври ҷамъбастии озмун дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ баргузор гардид, ки донишҷӯён аз рӯйи шартҳои низомномаи озмун байни ҳам қувва озмуданд.

Аз рӯйи натиҷагирии ҳайати комиссияи озмун Фарзона Домуллоева, донишҷӯи курси якуми факултети таърих ва ҳуқуқ сазовори ҷойи аввал гашта, Мижгона Эҳсонзода, донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои хориҷӣ ва Умеда Воҳидова донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик зинаҳои ифтихории баъдиро касб намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ