​Мунтахаби футболи донишгоҳ ба финал роҳ ёфт!

Имрӯз мунтахаби футболи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қувваозмоӣ намуд.

Дар бозии мазкур, ки дар доираи дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, тими футболи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ҳисоби 3-1 дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро шикаст дод.

Санаи 24-уми сентябри соли ҷорӣ, соати 15:00 дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд байни дастаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ