​Факултети биология ва химия: "Маводи мухаддир-вабои аср"

Дар кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони "Маводи мухаддир-вабои аср" бо иштироки намояндаи Агентии назорати нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадзода Ҷамшед ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро дотсенти кафедра Обиддин Тӯхтасунов оғоз бахшида, доир ба мавзӯи "Маводи мухаддир- вабои аср" маърӯза намуд. Сипас, Ҷамшед Аҳмадзода оид ба сабабҳои давст задан ва гирифтор шудани ҷавонон ба нашъамандӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сухан ронд.

Дар фароварди чорабинӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб талош варзида, баҳри рушду инкишофи ҷамъияти солим ва ояндаи ободи ватанамон ҳиссагузор бошанд.

Дилфузахон Қаюмова - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ