​Соати тарбиявии кушод таҳти унвони “Терроризм – хатар ба ҷомеа”

Бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии сиёсӣ дар мавзӯи “Терроризм – хатар ба ҷомеа” бо иштироки садорат ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар оғоз, декани факултет, профессор Меҳриниссо Абдуллоева сухан карда, гуфт, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти хатарафзо бо оқибати даҳшатбору бераҳмонаи худ ба биму таҳлуқа ва таҳдиди ҷиддитарини асри XXI барои тамоми инсоният ва таъмини суботу амнияти ҷомеа табдил ёфтааст. Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷањонӣ ва кишварҳои минтақа муборизаро дар ин самт пурзўр намуда истодааст. Дар ин самт вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан омӯзгорон, бохабар намудани ҷавононва эмин нигоҳ доштани онҳо аз чунин созмону ҳаракатҳои тундгаро маҳсуб меёбад.

Дар идома навори ибратомез дар роҳи муқовимат ба экстремизм ва терроризм намоиш дода шуда, донишҷӯён доир ба хатари падидаҳои номатлуб ба амнияти ҷомеа, пойдории сулҳ, ваҳдатми миллӣ ва ободии кишвар бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва рус баромад карда, саҳначаҳои тарбиявию ахлоқӣ пешкаш намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ