​Пешвои миллат ва масоили истифодаи захираҳои оби тоза дар миқёси ҷаҳон

Дар Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони давлати миллии тоҷикон ва рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар шароити навин таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст. Пешвои миллат бо дарки ҳамаҷонибаи таҷрибаи амиқи таърихӣ ва арзёбии дурусти воқеияти зиндагии рӯзмарра равандҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳонро ба доираи таҳлили амиқгирифтааст.

Ба мо равшан аст, ки ин гуна тарзи муносибати раҳбари сиёсии Тоҷикистон аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияташ то ба имрӯз қобили мушоҳидаанд. Роҳбари давлат аз аввали пайкорҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва суханрониҳои пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки тарҳи сохтмони моддиву маънавии кишварро бо такя ба нақшаҳои идеалӣ ва афкори созанда ба миён гузорад. Афзун бар ин, сифатҳои волои инсонӣ, рӯҳи адолатпарварӣ, маданият ва фарҳанги олии Пешвои миллат барои расидан ба ин мақсадҳо заминаи устувор фароҳам оваранд.

Мақсади асосии Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ низ чун ҳамеша таъмини манфиатҳои миллӣ, фароҳам кардани зиндагии осоиштаву шоиста, ҳифзи волоияти қонун ба шумор рафта, нуктаҳои он моро ба фардои дурахшони миллату кишвар раҳнамоӣ мекунад.

Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои назарраси тоҷикон дар даврони истиқлолият ошкор гардида, дар он ба тарзи амиқ комёбиҳои кишвар дар соҳаҳои мухаталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон таҳлилу баррасии ҳамаҷониба шудаанд. Ба фикри мо, Паёми мазкур санади нави муҳиме дар татбиқи нақшаҳои наздиктарин ва дурнамои рушди давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.

Пешвои миллат ба василаи Паём ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҷанбаҳои муҳими ҳаётро дар соли гузашта баррасӣ карда ва маромномаи созандагии давлати тоҷиконро то соли 2030 тарҳрезӣ намояд. Ӯ бо ифтихору сари баланд аз баҳои воқеии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷойгоҳи арзандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари «ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ» таъкид ба амал овард, ки дар ниҳоди имрӯзиён ҳисси хоси ифтихорро бедор менамояд. Ба назари мо, ин навъ эътибори кишвари Тоҷикистон дар назди созмони байналмилалии бонуфуз аз эътибору нуфузи баланди Роҳбари давлати мо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дарак медиҳад, ки бо пешниҳоди ӯ барномаи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба тасвиб расид ва обрӯи кишвари тоҷиконро бамаротиб боло бурд.

Ҷавҳари асосии ин ташаббуси Пешвои миллат ҳифз ва истифодаи босамари захираи ҳаётбахши табиӣ дар миқёси олам мебошад. Агар андеша намоем, ки таъмини об дар кураи Замин аз “муҳимтарин масъалаи мавҷудияти инсон ва шарти муваффақона зиндагӣ кардани ӯст”, арзиши ин ташаббус дар чашми доираҳои ҷаҳонӣ хеле афзоянда аст. Зеро чорабиниҳо оид ба «Об барои ҳаёт» ба таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи саломатии инсон, рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ, ободонӣ, таъмини амният, минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст.

Агар ба таърихи масъала амиқ назар андозем, ҳанӯз дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 20.06.2018) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муњтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи норасоии об мавриди гуфтугӯ қарор гирифта ва номбурда аз ин ҳол сахт нигарон шуда буд, ки “дар дунё зиёда аз 80 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд. Ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдаки то синни панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад».

Хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки чунин ташаббуси муфид дар самти истифодаи оқилонаи захираи об аз ҷониби ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ҳамчун рамзи эътирофи сиёсати Сарвари давлат ва эътибори давлатдории тоҷикон, боиси ифтихор, сарафрозӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ шинохта шуд.

Дар самти беҳдошти зиндагӣ дар марҳалаи нави рушди иҷтимоӣ ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун чун «иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» ба шумор омадааст, ки «ибтидои гардиш ва қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ» мебошад. Ба ин масъала дар Паём низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст.

Таваҷҷӯҳи чандкаратаи сарвари давлат ба таъмини оби сайёра боиси баргузории чандин чорабинӣ гардид. Аз ҷумла, вақте дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1-уми октябри соли 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 — Соли оби тоза эълон шуд, дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза (2003) баргузор гардид. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 низ заминаи ҳаллу фасли масъалаи об дар қаламрави ҷаҳон гардид. Суханронии Пешвои миллат дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-об» оид ба масоили истифодаи самараноки об (Рио-де-Жанейро, 2012) низ қадами қатъӣ дар ҳаллу фасли масъала ба шумор мерафт. Ҳамин ташаббусу пешниҳодот боиси эълони Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об гардиданд.

Аз назари мо ин нишони андешидани тадбири судманд дар ҳалли мушкилоти на танҳо кишвар, балки ҳаллу фасли масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» низ дар меҳвари ин тадбирҳо нақши муҳим дорад.

Аз Паёми Пешвои миллат чунин нуктаи муҳим бармеояд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши амиқ дорад.

Пешвои миллат бо гузориши ҳамешагии масъалаи об дар Паём кӯшиши саҳм гузоштан ба ҳаллу фасли проблемаҳои доғи ҷаҳони муосир дорад, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи халқи Тоҷикистон ва ҷомеаҳои башарӣ қарор гирифтааст.

Ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва хушнудӣ аст, ки Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 маҳз бо ташаббуси бевоситаи давлати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Мо мепиндорем, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ муассир буда, бо ҳадафҳои хубу мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд. Ин ташаббусҳои муфид аҳли башарро масъул менамоянд, ки дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ нақши бештар дошта бошанд. Ҷомеаҳои ҷаҳониро ниҳоят зарур аст, ки ҷиҳати тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ беамон мубориза баранд. Онҳо бояд хуб дарк намоянд, ки об неъмати бебаҳо барои ошомидан ва истифодаи босамар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳалли ин масъала барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа низ нақши муҳим ва созанда дорад...

Боҳир Раҷабов,

номзади илмҳои филологӣ,

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ