Таҷассумгари маданияти инсон

Ризоева Р.Б. - сармуаллимаи кафедраи назария ва

методикаи таълими забони модарии факултети

таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Забон моли халқ аст ва барои он хизмат мекунад. Ҳамчун муҳимтарин воситаи алоқаи байни мардум он баробари ҷамъият пеш меравад ва инкишоф меёбад. Инкишофи ҳар як забон мувофиқи қонунияти он аст. Қонунияти инкишофи он ҳар қадар заминаи амиқи илмӣ дошта бошад, ҳамон андоза самимитару равонтар ва пайвастатар суръат мегирад.

Забони адабӣ бошад, сарвати бебаҳо, маданият ва таҷассумгари руҳи халқ мебошад ва бе устувориву пойдории он миллат низ бебақост. Беҳуда нагуфтаанд, ки забон рукни асосии давлат ва миллат аст, аз ин ҷо мо вазифадорем, ки забони модариву миллиамонро посдору нигаҳбон бошем. Бо мақсади он ки забон ҳадафи аслии худ – муошират ва муносибати байни инсонҳоро таъмин намояд, ягонагиву мушаххасӣ ва фаҳмо будани он барои истифодабарандагонаш ногузир аст. Баҳри расидан ба ин ҳадаф баланд бардоштани маданияти суханварии мардум, тарзу воситаҳои суханронии онҳо мавқеъ ва мақоми хоса дорад, инчунин ҷоизи қайд аст, ки нақши адабиёт ва асарҳои бадеӣ дар инкишофу такмили алоқамандону хонандагонаш басо муҳиму назаррас аст, зеро муаллиф дар эҷоди асари бадеӣ ба қонуну қоидаҳои грамматикаву имло ва луғатҳо, ки умумӣ шудаанд ва барои ҳама ҳамчун меъёри забони адабӣ дониста мешаванд, такя мекунад.

Ба ин тариқ, яке аз талаботи маданияти сухан риоя кардан ба меъёри забони адабӣ, аз ҷумла ба қонуну қоидаҳои грамматикаву имло маҳсуб меёбад.

Ҳоло аз соҳаҳои гуногуни забон мисолҳо оварда, аз диди маданияти сухан дуруст ва ё нодуруст будани онҳоро муайян мекунем.

Мувофиқи қоидаи имлои забони тоҷикӣ дар ибораи “ҳавои соф” садоноки “и” “йи” талаффуз шуда “и” навишта мешавад. Баъзеҳо ин овозро мувофиқи навишт талаффуз мекунанд: ҳавои соф. Албатта, ин хилофи нормаи талаффузи орфоэпист.

Одатан мегӯянд, ки “ҳусни хатат бад аст”, “ҳусни хататро дуруст кун”. Ин гапҳо аз он чиҳат дуруст нестанд, ки калимаи “ҳусн” маънои зебоиро дорад. Модом ки хат бад бошаду онро ислоҳ кардан лозим бошад, пас чаро калимаи “ҳусн” – ро кор фармоем. Дар ин мавридҳо “хатат бад аст”, “хататро дуруст кун” бояд гӯем.

Калимаи “даромад”, вобаста ба он ки зада дар ҳиҷои аввал ва ё охир меафтад, маънои луғавии худро дигар мекунад: ба хона даромад, даромади корхона.

Агар дар калимахои “бӯр, кӯш, сӯм” ба ҷои “ӯ” “у” талаффуз кунем, калимаҳои дигар ҳосил мешавад: бур, куш, сум.

Агар дар калимаҳои “шеър, аъло, баъд” ҳамсадои сакта “ъ” (айн) талаффуз карда нашавад, калимаҳо ба дигар маъно меоянд.

Ба ин тариқа, талаффузи дурусти овоз ва бамавқеъ гузоштани зада ҳам ба нормаи забони адабӣ ва маданияти сухан алоқаманд аст.

Талаботи дигари маданияти сухан равшану возеҳ ва аниқу мушаххас баён намудани фикр мебошад. Масалан, дар ҷумлаи “Ин овозаҳо бо мақсади рӯпӯш кардани кирдори ба қатли қаҳрамон бофта бароварда шуда буданд” мақсади фикри нависандаро фаҳмидан душвор аст. Барои он ки мақсад фаҳмо гардад, ҷумларо ба тариқи зайл бояд таҳрир кард: “Ин овозаҳо бо мақсади рӯпӯш кардани қатли қаҳрамон бофта бароварда шуда буданд”.

Дар ҷумлаи “Дар расм гуруҳи донишҷӯёни факултети педагогӣ” ибораи “гуруҳи донишҷӯён” чунин маъно медиҳад, ки гуруҳи донишҷӯён фақат аз ҳамин чанд нафар, ки дар сурат акс ёфтаанд, иборатанд. Ҳол он ки дар он ҷузъе аз кулл, фақат як гуруҳи донишҷӯён тасвир шудааст ва ин гуруҳҳо дар факултет, ҳатто дар як синф бисёранд. Ҷумла ба тариқи зайл бояд бошад: 1. Дар расм як гуруҳи донишҷӯёни факултети педагогӣ. 2. Дар расм гуруҳе аз донишҷӯёни факултети педагогӣ.

Баобурангии сухан – шарти дигари талаботи маданияти сухан буда, гӯянда бояд воситаҳои забониеро, монанди ибораҳо ва воҳидҳои фразеологӣ истифода барад, ки он рангину барҷаста бошад, то ки ба мусоҳиб таъсир расонад. Дар ҷумлае, ки як калима безарурат такроран кор фармуда шудааст, ҳусни суханро низ паст мекунад ва ба талаботи суханварӣ мувофиқ нест. Инчунин, риоя кардани одоби сухан ҳам яке аз муҳимтарин талаботи маданияти сухан дониста шудааст ва номҳоро пурраву ношикаста, айбро мулоим карда гуфтан низ аз паҳлуҳои маданиятнокӣ аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ