Кафедраи адабиёти муосири тоҷик

Телефон барои маълумот

Кафедраи адабиёти муосири тоҷик 28.09.1995 дар заминаи кафедраи адабиёти тоҷик ташкил шудааст. Ба он с. 1995-1996 А. Сайфул­лоев, с. 1996-1998 Н. Салимов, с. 1998-2007 М. Файзуллоева ва с. 2007-2015 Н. Файзуллоев роҳбарӣ кардаанд. Аз моҳи марти соли 2015 Аъзамов Субҳонҷон мудири кафедра мебошад.

Фаъолияти кафедра аз нахустин рӯзҳои мавҷудияш дар се самт – таълим, илм ва тарбия ҷараён дорад. Ба номенклатураи кафедра курсҳои “Таърихи адабиёти муосири тоҷик”, “Муқаддимаи адабиётшиносӣ”, “Назарияи адабиёт”, “Фолклор ва адабиёти атфол”, “Адабиёти ҷаҳон”, “Адабиёти халқҳои ИДМ”, “Таърихи адабиёти хориҷӣ”, “Нақди адабӣ”, “Ҷараёни адабии давр”, “Равобити адабӣ” ва ғайра ворид шуда, то имрӯз бо назардошти тағйирот дар нақшаҳои таълим мавҷуданд.

Рукни муҳими фаъолияти кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад, ки аз ибтидо бар асоси чаҳор марҳалаи “Барномаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” анҷом ёфтааст. То имрӯз беш аз 50 китобу рисолаи илмӣ-тадқиқӣ, қариб 50 маҷмӯаи илмӣ ва ком­плексҳои таълимӣ-методӣ, беш аз ҳазор мақола оид ба масъалаҳои мубрами адабиёти тоҷик ватаълиф шудааст. Китобу рисолаҳои А. Сайфуллоев “Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон” (1998), “Ахтари тобони адабиёт” (1999), “Фурӯғи маънавият” (2003), “Ҳусни нигорандагӣ” (2003), “Ҳалқа­ҳои пайванди адабӣ” (2003), “Мирзо Турсунзода” (2004), “Ҳаким Карим” (2005), “Насри шоиронаи Гулназар” (2005), “Уфуқ­ҳои тозаи наср” (2006), “Ҷону ҷаҳо­ни наср” (2007), “Зуфархон Ҷавҳарӣ” (2012), “Уфуқҳои тозаи наср” (дар се ҷилд, 2012), “Садбарги адабиёт ва ҳунар” (2013), “Шоири дарёву саҳро” (2016); Н. Салимов “Маърифати бадеии таърих” (1997); Р. Тошматов “Раҳим Ҷа­лил ва адибони тоҷик” (1996), “Бобо­ҷон Fафуров ва адабиёти тоҷик” (1998); М. Неъматов “Қонунҳои жанр ва саноеъи бадеии назми мар­думи форсизабон ва вазъи кунунии он” (1998), “Ашӯлаҳои мардуми Хуҷанд” (2012); М. Файзуллоева “Достони афсона дар адабиёти кӯдакон” (2013); М. Мирзоюнус “Дар ҷустуҷӯи ҷони сухан” (1993), “Масъалаҳои сабкшиносӣ” (1994), “Таҳқиқи услуби осори бадеӣ” (1994), “Пушкин ва Шарқ” (1999), “Шукуфаи андӯҳ” (1999), “Ҳамзоди тӯфон” (2007), “Голубая родина Фирдуси” (2009), “Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (2016); “Сабкшиносии насри муосир” (2018), “Творческое взаимодействие писателей Средней Азии” (2018), Н. Файзуллоев “Чашмаи файёз” (1999), “Шеъри атфол дар қарни ХХ” (2005), “Ҳамосаи кӯда­кон” (2006), “Фольклор и детская поэзия” (2007), “Назми кӯдакон” (2010), “Моҳияти иҷтимоии санъати бадеӣ” (2011), “Чеҳраи тобони назм” (бо ҳамқа­ла­мии Ф. Баҳриев, 2012); А. Мавлонов “Ҳаҷв ва мутоиба дар адабиёти нимаи дуюми сади ХХ-и тоҷик” (2012); С. Аъзамзод “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷусту­ҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода” (2009), “Адабиёт ва маърифати нақд” (2012); “Фурӯғи нақд” (2018), Б. Мирсаидов “Поси номуси сухан” (2007), З. Ӯлмасова “Назаре ба таърихи дузабонӣ дар адабиёти тоҷик ва ӯзбек” (1998), “Ғояҳои ватанхоҳӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода” (2001), “Истиқлол ва инкишофи романи таърихӣ» (2011), “Поэтика исторического романа” (2013), “Исторический роман эпохи независимости” (2016); М. Мавлонова “Нақши устура ва раванди устурапардозӣ дар насри муосири тоҷи­кӣ (охири асри ХХ-ибтидои асри ХХI)” (2007), С. Юнусов “Аз шеър то ашё” (1997), Н. Ҳаётов “Инқилоби Лоиқ дар шеъри муосири тоҷик” (2006), “Албурзи побарҷо” (2011) ва ғ. аз ҷумлаи дастовардҳои илмии кафедра мебошанд. Бархе аз мақолоти устодон дар мамолики Аврупо, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Арманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғ. чоп шудаанд.

Бахши дигари фаъолият таҳия, таҳрир ва нашри маҷмӯаи мақолаҳо аст, ки “Шамъи анҷуман” (1996), “Шоири Ватан” (2001), “Бозомади хуршед” (2007), “Фурӯғи андеша” (2008), “Муждаи васл” (2008), “Посдорони насри муосири тоҷик (2009), “Рамзошнои маънӣ” (2011), “Суханвари мумтоз” (2011), “Шоири хуршеду дарё” (2011), “Номаи садоқат” (2012), “Шарофати “Бухорои шариф” (2012), “Шукуфаи ирфон” (2012), “Донапоши боғи маърифат” (2012), “Тӯҳфаи аҳбоб” (2012), “Дуруди меҳр” (2013), “Ҳусни маънӣ” (2013), “Ойина ва ойинадорон” (2013), “Нақибхон Туғрал ва муҳити илмиву адабии нимаи дувуми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ” (2015), “Асрори сухан” (2017), “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик” (2018), “Оинадори нақди адабӣ” (2018), “Сафинаи сухан” (2018) ва ғ. аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳамчунин “Осорномаи Атахон Сайфуллоев” (2008, 2013), “Феҳрасти осори илмӣ ва илмӣ-публитсистии Аъзамов Субҳонҷон” (2011), “Феҳрасти осори илмӣ ва публитсистии профессор Неъматҷон Файзуллоев” (2012), “Феҳрасти мухтасари осори Сорбон” (2015), “Осорномаи профессор Матлубаи Мирзоюнус” (2018) ва ғ. низ таҳия ва нашр шудаанд.

Хидмати профессор М. Мирзоюнус дар таҳия ва нашри матни асл ва тарҷумаҳои тоҷикии “Ғазалҳо”-и Камоли Хуҷандӣ (1996), “Девони ғарбиву шарқӣ”-и Гёте (2007), “Ашъор”-и Александр Пушкин (2008), Марина Светаева (2008), Анна Ахматова (2008), “Рӯдакӣ. Шеърҳо” (2008), “Сад барги ғазал”-и Камоли Хуҷандӣ” (2008), “Сад барги ғазал”-и Гулрухсор (2008), “Сад барги ғазал”-и Фарзона (2008), баргардони тазкираи “Ҷавоҳир-ул-аҷоиб”-и Фахрии Ҳиравӣ (2007), “Девони Мастураи Курдистонӣ” (2013), “Девони Абулфазли Сират” (2014), “Тазкират-уш-шуаро”-и Шаръӣ (2015), дотсент С. Аъзамзод дар таҳия ва нашри “Девон” ва “Осори мунтахаб”-и Сайфуддини Исфарангӣ (2007), дотсент Б. Мирсаидов дар таҳияи тазкираи “Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс”-и Ҷомӣ (2013), М. Мирзоюнус ва С. Аъзамзод дар таҳияи матн, таҳқиқ ва тавзеҳоту таълиқоти китоби “Абдураҳим Ҳоҷибоев: Осор ва пайкор” (2010) ва рисолаи А. Ҳоҷибоев “Тоҷикистон” (2009) ва ғайра шоиста аст.

Асарҳои илмӣ-методӣ ва дастурҳои таълимии Н. Файзуллоев “Адабиёти халқҳои ИДМ” (2014), М. Файзуллоева ва Ф. Баҳриев “Адабиёти кӯдакон” (2012), М. Мирзоюнус “Инъикоси масъалаҳои фарҳанг дар ВАО” (2009), “Бозтоби масъалаҳои фарҳанг дар ВАО” (2013), С. Аъзамзод “Таърихи адабиёти хориҷӣ, 2004, 2005, 2010, 2011, 2012), “Матбуот, адабиёт ва нақди адабӣ” (2005), “Аз таърихи нақди адабии тоҷик (2010, 2011, 2012, 2013), “Намунаҳои шеъри муосири тоҷик” (2010, 2011, 2012), “Аз таърихи адабиёти муосири тоҷик” (2011, 2012), Б. Мирсаидов “Муқаддимаи адабиётшиносӣ” (2002, 2013, 2014, 2017), “Таърихи адабиёти хориҷа” (2011, 2013), “Назарияи адабиёт” (2011), З. Ӯлмасова “Таърихи адабиёти муосири тоҷик” (2011, 2014), “Дастури методӣ оид ба таълифи корҳои курсӣ ва дипломӣ (2011), “Маҷмӯаи тестҳо аз фанни Таърихи адабиёти муосири тоҷик” (дар ду қисм, 2016), М. Мавлонова “Фолклори тоҷик” (2016), У. Абдурашидова “Таърихи адабиёти тоҷик” (2016), “Курси тахассусӣ аз Ҷараёни адабии давр” (2017)-ро нашр кардаанд.

Та­йи даҳ соли охир бо саҳм ё ташаббуси бевоситаи устодони ка­федра конфронсҳои бонуфузи илмию наза­риявӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳӣ бахшида ба 120-солагии Зуфархон Ҷаъфарӣ (2010), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 120-солагии Муҳаммад Иқбол (2010), 125, 130, 135, 140-солагии С. Айнӣ (2003, 2008, 2013, 2018), 90 ва 100-солагии М. Турсунзода (2001, 2011), 100-солагии Л. Бузургзода (2009), 100-солагии Р. Ҷалил ва Ҷ. Икромӣ (2009), 60, 70 ва 75-солагии Л. Шералӣ (2001, 2011, 2016), 70, 75, 80 ва 85-солагии А. Сайфуллоев (2003, 2008, 2013, 2018), 80-солагии А. Усмонов (2017), 80-солагии Қ. Киром (2012), 75-солагии Х. Асозода (2016), 70-солагии Н. Ниёзӣ (2016), силсилаи конфронсҳои илмӣ ба муносибати ҷашнҳои 60-солагии Н. Файзуллоев, 60-солагии М. Мирзоюнус, 70-солагии А. Мавлонов ва М. Файзуллоева, ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи “Устод Айнӣ ва масоили ахлоқиву таассуботи динӣ” (2015) ва ғ. баргузор шуданд. Маводи ҳамоишҳои ил­мӣ ва суханрониҳои конфронсҳо дар маҷмӯаҳои илмии “Шоири Ва­тан”, “Посдорони насри муосири тоҷик”, “Суханвари мумтоз”, “Шоири хуршеду дарё”, “Маводи ҳамоиши илмии “Нақибхон Туғрал ва муҳити адабиву илмии нимаи дувуми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ”, “Асрори сухан”, “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”, “Оинадори нақди адабӣ”, “Сафинаи сухан” ва ғ. ба табъ расидаанд.

Устодони кафедра шодравон А. Сайфуллоев, академик Н. Салимӣ, М. Мирзоюнус, Н. Файзуллоев, С. Аъзамзод, Б. Мирсаидов, З. Ӯлмасова, М. Мавлонова ва диг. иштирокчии як силсила ҳамоишҳои байналмилалии илмии шаҳрҳои Берлин, Сантьяго-де-Компостела, Дрезден,Теҳрон, Табрез, Шероз, Машҳад, Кобул, Деҳлӣ, Алигарх, Калкатта, Қуния, Маскав, Кишинев, Тбилиси, Алма-Ато, Бишкек, Ош, Тошканд, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ғ. мебошанд. Дотсентон М. Мавлонова, Ф. Баҳриев, З. Бобоева, Ш. Пӯлодова дар конфронсҳои байналмиллии дохилӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳӣ ҳамеша ширкати фаъолона доранд.

Дар давраи мавҷудии кафедра М. Мирзоюнус (1995), Н. Салимӣ (2002), Н. Файзуллоев (2006) рисолаи докторӣ дифоъ карданд. Мавзӯъҳои рисолаҳои доктории З. Ӯлмасова ба такомули романи таърихии замони истиқлол, С. Аъзамзод ба таҳаввули нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷикӣ дар охири асри Х1Х ва нимаи аввали садаи ХХ, Б. Мирсаидов ба муаммои таҳаввули сюжет ва образ дар маснавиҳои ирфонӣ ва М. Мавлонова ба масъалаи анъана ва навоварӣ дар насри ахлоқии садаи ХХ бахшида шудаанд.

Дар зарфи 20-сол С. Юнусов (1997), С. Аъзамзод (2002), Т. Бобоева (2002), Б. Мирсаидов (2004), Р. Муталлибов (2006), З. Бобоева (2007), М. Зикриёева (2007), М. Мавлонова (2007), Ф. Хоҷаев (2007), М. Сайфуллоева (2009), С. Ҳакимова (2009), Н. Ҳо­мидова (2009), А. Каримов (2010), Ф. Баҳриев (2011), Н. Ҳаётов (2011), А. Шехов (2011), У. Абдурашидова (2012), Б. Раҷабов (2017), У. Шарипова (2017), Д. Юнусова (2018), М. Турсунова (2018), М. Муродова (2018), Д. Қаюмова (2018) рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Солҳои 2013-2014 дотсентон Ф. Баҳриев ва М. Мавлонова такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ДМТ аз рӯйи ихтисоси равияи гуманитарӣ-ҷамъиятӣ ва соли 2014 М. Мавлонова дар муассисаҳои омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотии шаҳри Исфаҳони ҶИЭ давраи бозомӯзии адабиёти форсиро гузаштанд.

Натиҷаи эътирофи устодони кафедра аст, ки профессор М. Мирзоюнус ҳамчун муовини тоҷикистонии сармуҳаррир ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Иранославика” (Маскав), аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии “Эроннома” (Алма-Ато), фаслномаи Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон “Рӯдакӣ” (Душанбе) назируфта шудааст. Н. Салимӣ академики АИ ҶТ (2002), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (2000), ҷоизаҳои Анҷумани тоҷикону форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», Бунёди Рӯдакӣ (Фаронса) ва Фаридуни Манучеҳрӣ (Испания, 2010), медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» (2011), А. Сайфуллоев барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014), М. Мирзоюнус академики Академияи улуми педагогӣ ва иҷтимоии Русия (2010), барандаи Ҷоизаи тиллоии Пушкин (2000), Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (2000), Нишони Шаҳриёр (2010), медали “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011), унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (2017), Н. Файзуллоев барандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров (2010), медали “Хизмати шоиста” (2013), Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил (2015), Б. Мирсаидов барандаи Ҷоизаи Падидаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Носирҷон Маъсумӣ (2008), А. Сайфуллоев, М. Мирзоюнус, Б. Мирсаидов, Н. Файзуллоев, З. Ӯлмасова аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Б. Мирсаидов аъзои Созмони байналхалқии журналистон (2005), М. Мирзоюнус муовини раиси Шӯрои муттаҳидаи дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода (2016), раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси филология дар заминаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018), сармуҳаррири маҷаллаи “Номаи Донишгоҳ. Илмҳои ҷомеашиносӣ”, М. Мирзоюнус, Н. Файзуллоев ва Б. Мирсаидов “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд. Устодони кафедра Н. Файзуллоев, М. Мирзоюнус ва С. Аъзмзод барандагони озмунҳои “Олими сол-2013”, “Олими сол-2015”, “Олими сол-2016”, “Олими сол-2017”-и донишгоҳ гардиданд.

Дар кафедраи адабиёти муосири тоҷик ду профессор – М. Мирзоюнус ва Н. Файзулло­ев, нӯҳ дотсент – С. Аъзамов, А. Мав­ло­нов, З. Ӯлмасова, Б. Мирсаи­дов, М. Мавлонова, З. Бобоева, Ф. Баҳриев, У. Абдурашидова, номзадҳои илм У. Шарипова, Б. Раҷабов, муаллимон М. Муродова, Д. Мансурова, С. Раҷабова, коргузор З. Шукурова бо раванди корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявӣ маш­ғуланд. Дар кафедра семинари илмӣ-назарии усто­дон (роҳбар қаблан С. Аъзамзод, алҳол З. Ӯлмасова), семинари илмӣ-методӣ (роҳбар Ф. Баҳриев) ва маҳфили илмию адабии “Баҳор­ис­тон” (роҳбар қаблан Б. Мирсаидов, Ш. Пӯлодова, ҳоло У. Шарипова) амал мекунанд. Семинари илмии профессор М. Мирзоюнус бо номи «Фурӯғ» ҳамамоҳа ду маротиба баргузор мегардад.

Кафедраи адабиёти муосири тоҷик бо ИЗА ва шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ДДҚ ба номи Носири Хусрав, Шӯъбаи суғ­дии Иттифоқи нависандагони Тоҷи­кистон, маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Паёми Суғд», «Илм ва ҳаёт», ҳафтаномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи ом­мавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бача­гона, телевизион, радио ва рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, шаҳриву вилоятӣ ва дигар муассиса­ҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии қаламрави вилояту ҷумҳурӣ робита ва ҳамкории илмиву эҷодӣ дорад.

Лоиҳаи «Таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои адабии охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» (роҳбар профессор М. Мирзоюнус) барои солҳои 2018-2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва АИ ҶТ тасдиқ шудааст.

Устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик дар роҳи татбиқи сиёсати давлатии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу талош доранд. Иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ, таълифи мақолаҳо оид ба масъалаҳои мубрами сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, суханрониҳо дар силсилаи барномаҳои телевизиониву радоиёӣ ва ғайра ҳамеша дар мадди назари устодон мебошад...