Кафедраи ҳуқуқшиносӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи ҳуқуқшиносӣ соли 1996 дар заминаи шўъбаи ҳуқуқшиносии факултети таърих таъсис ёфтааст. Роҳбарии кафедраро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Самадов Ҳ.С. ба ўҳда дошта, дар он 6 нафар омўзгорон кору фаъолият менамуданд. Соли 1997 дар заминаи кафедраи номбурда факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода мешавад, ки дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи он зиёда аз 800 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд. Соли 2000 кафедра номи кафедраи илмҳои давлатӣ-ҳуқуқиро гирифт.

Дар кафедра давоми мавҷудияти худ номзади илмҳои таърих, дотсент Х.С. Тоатов, номзади илмҳои фалсафа З.М. Усмонова, М.М. Комилова, С.С. Обиджонов, И. Тошхоҷаев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Н.А. Ғаффорова, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Т. Почомуллоев фаъолият бурдаанд.

Соли 2008 дар заминаи факултетҳои таърих ва ҳуқуқшиносӣ факултети таърих ва ҳуқуқ таъсис ёфт. Дар ин ислоҳот бо муттаҳид намудани кафедраҳои фанҳои ҳуқуқи моддӣ-мурофиавӣ ва илмҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро номзади илмҳои фалсафа, дотсент И.У. Қосимов ба зимма дошт. Кафедра аз моҳи ноябри соли 2015 кафедраи ҳуқуқшиносӣ номгузорӣ шуда, то моҳи августи соли 2018 ба он номзади илмҳои таърих, дотсент И.Р. Ҷабборов роҳбарӣ кардааст.