Факултети молия ва иқтисодиёти бозор

Телефон барои маълумот

  • Бинои таълимӣ 2

Факултети молия ва иқтисодиёт дар таърихи 20-уми августи соли 1991 таъсис ёфтааст. Бо сабаби комил набудани ҳайати омўзгорон дар солҳои аввал устодони муштараквазифа дар факултет фаъолият доштанд. Барои баланд бардоштани самаранокии ҷараёни таълим докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон А. Авезов, Ф. Азизов, А. Бойматов, А. Орипов, номзадҳои илми иқтисодӣ, дотсентон М. Бобохонова, А. Абдуллоев, С. Саидов ба кор даъват шуда буданд. Дар давоми фаъолият аз ҳисоби афзудани бахшҳо ва гурўҳҳои тахассусӣ – ба монанди молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, менеҷмент, маркетинг, андоз ва андозбандӣ, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, аудит ва ревизия, идора ва назорати молиявӣ дар соҳаи гумрук кафедраҳои тахассусии молия ва қарз, менеҷмент ва соҳибкорӣ, ташкили истеҳсолот, баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит таъсис ёфтанд.

Молия ва иқтисодиёти бозор яке аз факултетҳоест, ки бо тақозои дигаргунсозии ҳаёти имрўза таъсис ёфта, барои босифат омўзонидани бизнеси муосир саҳм мегузорад. Бо ҳамин мақсад дар факултет кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисодӣ тибқи талаботи иқтисодии бозоргонӣ тайёр карда мешаванд. Донишҷўёни факултет, ки диплом ба даст меоваранд, дар шуъбаҳои молияи ҳукуматҳои вилоят ва маҳалҳо, нозироти андоз, бонкҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, кишоварзӣ ва ғайра бо муваффақият фаъолият мебаранд. Соли 1996 барои факултет соли хотирмон ва таърихӣ буд, зеро аввалин дастпарварони факултет донишгоҳро хатм намуда, ҳамчун мутахассисони иқтисоддон барои фаъолият ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ раҳсипор шуданд.

Сарварии факултетро дар солҳои гуногун д. и. и., профессорон Абдуллоҷон Орипов, Абдулатиф Раҳимов ва дотсент Абдунасим Маҷидов бар уҳда доштанд. Теъдоди донишҷўён дар шўъбаҳои ғоибона ва рўзонаи факултет сол аз сол афзуда тўли 2-3 соли охир ба 1300 нафар расид. Дар ташкили раванди талим бештар аз 40-нафар устодони пуртаҷриба мусоидат менамоянд. Дар сафи онҳое, ки чандин сол дар самти таълиму тарбияи наслҳои зиёди донишҷўён дар факулта пайваста саҳм гирифтаанд, номи олими соҳибиродаи соҳаи иқтисодӣ, омўзгори соҳибтаҷриба, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдураҳмон Лакимович Қодиров низ бо ҳарфҳои хоно ва равшане сабт ёфтааст. Ў аз соли 2012 то имрўз вазифаи декани факултетро ба уҳда дошта, барои беҳтар кардани сатҳу сифати донишандўзии донишҷўён, ривоҷи илми иктисод, тайёр намудани мутахассисон ва олимони ҷавони соҳибунвон ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Тадқиқоти илмӣ дар факултет ба мавзўъҳои мубрами иқтисодӣ, ба хусус мавзўъҳои иқтисодиёти давраи гузариш бахшида шудаанд, ки аз ҷониби устодони пуртаҷриба А. Қодиров, А. Абдураҳимов, А. Раҳимов, М. Исмоилов, С. Ҳомидова, Д. Абдуллозода, М. Пўлодов, Ҳ. Баҳодуров ва Р. Мавлонов сурат мегирад. Натиҷаҳои назарраси тадқиқоти онҳо дар шакли фишурдаи маърўзаҳо ва мақолаҳо дар маҷаллаҳои тахассусии илмӣ ба чоп расидаанд. Сохтори факултет Шўрои олимон, 4 кафедра, Шўрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷўён ва Созмони ҷавононро дар бар мегирад.