Китобхонаи марказии донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Китобхонаи марказии донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷузъи таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, таърихи 85 сола дорад. 

Аз соли таъсисёбӣ инҷониб вазифаи директори китобхонаи донишгоҳро як зумра олимон ва кадрҳои болаёқат Иброҳимова (1932-1933), Холматова (1933-1937), Панибратова А.Е. (1937-1953), Назаров Қ.Қ. (1953-1957), А. ХўҶаев (1957-1960), ҲоҶибоев (1960-1963), Негматов Д.Н. (1963-1965), Назарова С.Я. (1965-1967), Юлдошев Ю.Б. (1967-1970), Латипов А.А. (1970-1971), Ғаффоров А.Ҷ. (1971-1976), Поленова М.Ф. (1977-1986), Юсупов А.Ю. (1986-1994, Турсунов А.Т.) (1994-1995), Раҳмонова З.Ш. (1995-2002), номзади илмҳои Ҷуғрофия, дотсент Турдибой Турдиев (2002-2012), номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалим Зойиров (2012-2017) номзади илмҳои филология дотсент, Садриддин Мирзоев 2017, номзади илмҳои филология, дотсент Ромиз Абдуллоев (11.2017-08.2018) ба ўҳда дошта, фаъолият намудаанд. Ин вазифаи пурмасъулро аз моҳи августи соли 2018 инҷониб номзади илмҳои филология, дотсент Дилбар Самадова ба зимма дошта, дар пешрафти кори он хизмат менамояд.     

Китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи корӣ ва нақшаи шӯрои таълимию методии худ ва аз рӯи нишондоду фармоиш ва қарорҳои Раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ фаъолият менамояд. Вазифаи китобхонаи марказӣ бо китобҳои дарсӣ, манобеи илмӣ ва бадеӣ таъмин намудани устодон ва шогирдони донишгоҳ аст. Аз ин нигоҳ, садорати китобхона ва кулли кормандон пайваста ҷиҳати адои ин вазифаву мақсад ва амалӣ сохтани сиёсати пешанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адои фармоишу супоришоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҷиҳати адои мақсади мазкур айни ҳол дар китобхонаи марказӣ 4 шуъба ва 5 зершуъба фаъолият мекунанд:

Шуъбаи хизматрасонӣ ва махзани асарҳо;
Шуъбаи толори хониш ва матбуоти даврӣ.
Зершуъба дар факултети филологияи тоҷик;
Зершуъба дар факултети забонҳои шарқ;
Зершуъба дар факултети забонҳои хориҷӣ;
Зершуъба дар хобгоҳи №2;
Зершуъба воқеъ дар хобгоҳи №3;
Шуъбаи пурракунӣ;
Синфхонаи компутерӣ.
Садорати китобхонаи марказӣ бо дастгири Раёсати донишгоҳ соли 2018 ҷиҳати беҳтар ва босифат ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ ба донишҷӯён корҳои назаррасро роҳандозӣ карда истодааст. Тибқи фармони Ректори донишгоҳ таҳти рақами 37 аз 26 январи соли равон фонди асосии китобхона пурра аз нав коркард ва ба қайд гирифта шуда истодааст. Дар адои ин амали сангин ва савоб, ки аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта то ин замон фонди китобхона пурра ба қайд гирифта нашуда буд, тамоми қувваю нерўи кормандон сафарбар шуда истодааст.     

Афзун бар ин, бо дастгирии Раёсати донишгоҳ барномаи картотекаи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки айни ҳол кормандони китобхонаи электронӣ рўйхати ҳамаи ин китобҳое ки ба барнома ворид карда шудааст, аз рўи соҳаҳо ба хотираи компутар ворид карда истодаанд. Айни ҳол феҳристи китобҳои мавҷуда дар ин шуъба 82 520 ададро ташкил медиҳад. Ин амал боис мегардад, ки ҳар як нафар корманди шуъбаи хизматрасонӣ китобҳои мавҷудаи бахши хешро ба танзим дароварда, онро тибқи талабот аз рӯи ҳуруфи алифбоӣ ва мавзӯъот дар рафҳо гузошта, дар сурати дархости хонандагон дар фурсати кӯтоҳтарин дастрас намояд ва ҷиҳати ҷалби хонандагон дар хусуси ҳар як китоби бахши худ маълумоти кӯтоҳ дода тавонад. Афзун бар ин, ҳар як хонанда худ метавонад тавассути феҳристи электронӣ китобҳои лозимаи худро интихоб намояд ва дар фурсати кӯтоҳтарин онро аз хазина бигирад. ҷиҳати адои ин амал дар вурудгоҳи китобхонаи марказӣ як компутер гузошта шудааст, ки кори хонандагонро осон месозад. Ин амал ба хонанда имкон медиҳад, ки ба китобхона наомада, ба воситаи интернет адабиёти лозимаро фармоиш диҳад. Ҳамчунин ба кормандони китобхона низ барои боз ҳам беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Сатҳи хизматрасонӣ дар шуъбаи толори хониш низ торафт беҳтар ба роҳ монда шудааст. Сафи хонандагони ин шуъба ва зершуъбаҳои он ба маротиб афзун гардида, кормандони шуъба ва зершуъбаҳои толори хониш ному насаб, китоби гирифта ва замони истифоданамудаи хонандаи хешро дар дафтари махсус қайд намуданд, ки солҳои пеш ба қайд гирифта намешуданд. Аз вазъи хизматрасонӣ ва ташрифоварии хонандагон маълум мешавад, ки теъдоди хонандагони толори хониш пайваста зиёд мегарданд.

Фаъолият ва хизматрасонӣ дар шуъбаи китобхонаи электронӣ низ беҳтар ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ соли равон боз 9 адад компутер, 1 адад принтери «3 дар 1» гирифта шуд, ки сифати кори ин шуъбаро ба маротиб беҳтар намуд. Айни ҳол дар шуъбаи мазкур 18 адад компютер 1 адад принтер дар хизмати донишҷўёну устодон қарор дорад.

Соли равон барои харидории китобҳои таълимӣ, илмӣ аз буҶаи донишгоҳ 395000 маблағ ҷудо гардида, то ҳол ба 105 841 ҳазори он китоб харидорӣ шудааст. Дар оғози моҳи октябр садорати китобхона тибқи дастури ректори донишгоҳ , профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. дархости ҳамаи мудирони кафедраҳои донишгоҳро ҷиҳати харидории китобҳои таълимӣ дастрас намуданд ва дар моҳи оянда боз ба маблағи боқимонда  харидорӣ кардани китоб дар назар аст.

Дар оғози соли таҳсил китобхонаи марказӣ бо мақсади ҷалби бештари донишҷуён, магистрантон, унвонҷӯён «Рўзи дарҳои кушод» баргузор намуд, ки дар давоми он онҳо бевосита бо вазъи фаъолияти китобхонаи марказӣ, шуъбаҳо, зершуъбаҳо ва манобеи мавҷудаи он ошно шуданд. Аз санаи 5 то 12 ноябр бошад, ҳамин гуна чорабинӣ барои устодону аспирантон ва унвонҷўён доир гардид, ки дар он ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кори китобхона устодон фикру андешаҳои худро баён карданд.

Дар китобхонаи марказӣ маҳфили илмӣ бо номи «Осори мондагор» амал мекунад, ки дар оғози ҳар як нишасти ин маҳфил намоиш ва муаррифии китобҳои тозанашр ва тозаворид ташкил карда шуда, перомуни қисмати зиёди ин китобҳо ба хонандагон ва иштирокдорон маълумот пешниҳод мегардад. Садорати китобхона бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашну маросимҳо пайваста чорабиниҳо доир менамояд.

Шуъбаи хизматрасонӣ ва махзани асарҳо шуъбаи калонтарини китобхонаи марказӣ ба шумор рафта, айни ҳол дар ин шуъба 350 476 адад китобҳо нигоҳдорӣ шуда, тибқи дархост пешкаши хонандагон карда мешавад. Теъдоди умумии хонандагони шуъбаи мазкур алҳол бештар аз 7000 нафарро ташкил медиҳанд. Албатта ин шумора кам аст ва кормандони шуъба барои боз ҳам бештар кардани сафи хонандагон кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар толори хониш бештар китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки бисёр нодир, ҳадявӣ ва теъдодашон кам аст. Аз ин рӯ, хонандагон метавонанд китобҳои ин шуъбаро танҳо дар зали хониш қироат намоянд. Афзун бар ин, дар ин шуъба рӯзномаю маҷаллаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нигоҳдорӣ мешавад ва хонандагон метавонанд дар зали хониш бо ахбори тозаи матбуоти даврӣ ошно гарданд.

Шуъбаи толори хониш дар се факултет– филологияи тоҷик, забонҳои шарқ, забони хориҷӣ ва ду хобгоҳ– хобгоҳҳои № 2, № 3 зершуъбаи худро дорад. Кормандони ин шуъба ва зершуъбаҳо пайваста барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи донишҷӯён ва устодон адабиёти нав воридшударо ба зершуъбаҳо сари вақт дастрас менамоянд.

Соли равон ба китобхонаи марказӣ 291 номгӯ китоб ворид гардид, ки дар маҷмӯъ 2654 ададро ташкил медиҳанд.

Кормандони шуъбаи пурракунии адабиётҳо ба ҳамаи китобҳои воридгашта ва китобҳои ивазшуда се донагӣ варақа таҳия намуда, ба ҳар яке тибқи таснифоти УДК рақами махсус ва мӯҳр мегузоранд ва баробари ин ба феҳристи корӣ, феҳристи системавӣ ва феҳристи хонандагон (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбеки, англисӣ, немисӣ) онро ворид месозанд.

Бидуни корҳои мазкур кормандони ин шуъба бо шуъбаи обуна, дастраснамоӣ ва махзани китобҳо якҷоя кор мебаранд.

Дар шуъбаи китобхонаи электронӣ кулли хонандагон ба баробари истифода аз компутерҳо маводҳои лозимаи хешро аз Интернет ба таври ройгон дастрас менамоянд.       

Кормандони шуъба пайваста ба донишҷӯён барои додани китобҳои электронӣ, истифода аз феҳристи электронӣ ва дарёфти маводҳо аз Интернет кӯмаки амалии худро мерасонанд.

Хулоса, вазъи таъмини китобхонаи марказӣ бо китобҳои тозанашр, аъзошавӣ, ташрифоварии хонандагон нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гашта, вазъи хидматрасонӣ беҳтар шуда истодааст.

Садорати китобхонаи марказӣ ният дорад, ки дар соли 2019 боз чанд корҳои судмандро анҷом дода, тавассути доир намудани чанд чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва беҳтар намудани вазъи хидматрасонӣ теъдоди хонандагони худро афзун намояд. Зеро ба андешаи мо обрӯ ва мақоми китобхона на танҳо ба теъдоди китобҳо, балки ба миқдори хонандагони он низ вобастагӣ дорад.