​ТЭТ ҲНИ – асоси ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозии бесубот

Агар ба таърихи оғози ҷанги шахрвандӣ назар афканем, бараъло маълум мегардад, ки асоси оғози он дар заминаи бегонапарастӣ ва истифодаи гайримунсифонаи ҷавонону наврасон аз рохи ғалати таблиги акидахои тундгарои исломи манша гирифта,ба пайдо гардидани нофахмию якдигарбадбини миёни кишрхои гуногуни чомеа асоснок мебошад. Ҷанги тахмилии солхои 90-уми асри гузашта ва ба гуруҳҳои дахшатафкан пайвастани теъдоди муайяни ҷавонони мамлакат ба фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби нахзати ислом, ки дар даврони собиқ давлати Шуравӣ аз солхои 1970 ба таври пинҳонӣ дар кишвари мо фаъолияти ғайрирасми мекард, марбут ва хеле наздик аст.

Тоҷикистон давлати демократӣ ва хукукбунёд аст, инро Сарконуни кишвар кафолат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо чи коре хоҳем, хамонро кунем ва исломро никоб карда, теша бар решаи давлат занем. Мо, тоҷикҳо, аз ноогоҳии худ солҳои навадум сарро ба санг зада гирифтем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад. Дигар ба ваъдаҳои ҳангомадори исломиён бовар намекунем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дастгири менамоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ намедиҳем.

Фикр мекунам, ки як сабаби асосии гаравиши ҷавонону наврасон дар кишвари мо ба бегонапарастию ифротгароӣ ин бетаваҷҷуҳии волидайн ва фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом буд, ки боиси марги ҳазорҳо ҳамватани мо ва ҳисороти зиёди иктисодӣ гардид. Зеро бархе аз муллоҳо ва имомон минбари масҷидҳоро манбаи таблиғи ақидаҳои бегонапарастӣ намуда, аз роҳу усулҳои муосир иддае ҷавонону наврасони моро гумроҳу бехонумон карданд.

Дар баробари тарғиби ғояҳои ифротгаро миёни насли чавон тарзу усули либоспушии онҳо низ иваз шуд. Ҷойи либосҳои миллии мо, ки ислом аз давраи пайдоишаш нисбати истифодаи онхо ягон эътироз надошт, пушидани либосҳои туркию арабӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳ ва бехабар аз асли сиёсату дин муд шуд. Миёни тундгароёни исломи ақидае зери унвони «мусалмон бародари мусалмон» шиори хамешагӣ шуд, ки бешак арзишҳои фархангии миллати моро, ки аз умқи таърих об мехурд, ба якбораги нияти бархам задан дошт. Яъне дар доираи афкори «Миллати ман мусалмон!» ва дар заминаи ин шиор бунёди давлати исломии яккатоз дар кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Миёна мақсаду ҳадафи тундгароёни исломи ягона роҳи ба сиёсат даст ёфтани гуруҳҳои дахшатафкан махсуб меёфт.

Онҳо боре андеша намекарданд, ки барои давлат будан арзишхои фарханги ба маротиб аз арзишҳои динӣ афзалият доранд. Гарчанде ки фарҳанги исломӣ як чузъи мукаддаси фарханги миллату мардуми мо гардидааст, вале ташаккул ёфтани афкори ифротгароии бунёди давлати исломи миёни ташкилотхои экстремистию террористи барои забунсозии асосхои сохтори конститутсиони хамчун рохи афзалиятнок ва дастаки таблиғи сиёсати манфиатхоҳонаи гурухи боқӣ мемонад.

Гурдофариди Рустам – омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ