Қирғизҳо бояд худро ислоҳ кунанд!

Равандҳои пурпечутоби зиндагӣ дар системаи кунунии дунё нишон медиҳад, ки ҳар як амали ба вуқуъомада дар сартосари дунё нишонаи он аст, ки давлатҳо халқиятҳояшон ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи сиёсиашон камари ҳиммат банданд. Бо дар назардошти ин ҳама рўйдодҳо халқи тоҷик истиқлолияташро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад ва барои ҳимояи ҳама гуна арзишҳояш камари ҳиммат мебандад. Рўйдодҳои ҳудудии Тоҷикистон бо қирғизҳои ҳамсоя дар чанд вақти охир нишонаи он аст, ки қирғизҳои ҳамсояи барқарор кардани муносибатҳои ҳамсоягиро дарк намекунанд ва тартиботи мавҷударо доим халалдор месозанд. Бо иштирок ва мўътадил нигоҳ доштани ҳудудҳои тарафайн муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим далели он аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша талош мекунад, то ин ки муносибатҳои ҳамсоягӣ ва доштани дипламатияи барҷастаашро нигоҳ дорад ва нофаҳмие сар назанад, аз ин хотир қирғизҳо бояд дарк намоянд ва ҳамагуна принсипҳои мавҷударо эътироф ва риоя намоянд, то ин ки вазъият дигар бора муташаннич нагардад. Ҷониби Тоҷикистон ва халқи барумандаш ҳамеша дурандешона ва одилона рафтор мекунад ва талош мекунад, ки нофаҳмие сар назанад, аммо бо таҳлилҳои амиқу дақиқ, қирғизҳо санъати пешбурди давлатдорӣ надоранд ва одоби ҳамсоядориро наомўхтаанд аз ин рў тасаввур мекунанд, ки байни якдигар ҳамеша дар низоъ мебошанд ва халқи тоҷик гўё аз рафтори онҳо сукут мекарда бошанд, аммо қирғизҳо фаромўш набояд созанд, ки бо ин рафторашон дар таърихи инсоният хатогии бузург мекунанд. Бояд аз ин пас ҳукумати қирғизҳо тартиботро риоя намуда, мардумаш, ки дар марз бо Тоҷикистон наздик аст корҳои фаҳмондадиҳиро ба иҷро расонад ва ҳамаи он гурўҳое, ки ҳукуматро писанд намекунанд сади роҳашонро бигирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ