Пешгирии экстремизм ва терроризм вазифаи аҳли ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо зиёиён ҳамчун нерӯи пешбаранда, созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Имрӯз ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти кишварро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дораду зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Зеро мақсади терроризм на танхо куштор, балки ба даҳшат овардан, тарсонидан, ба воҳима андохтан, рӯҳафтода намудани одамон мебошад. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ месозад, ки экстремизм чун дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аз ин рӯ пешгирии он вазифаи шаҳрвандии ҳар узви ҷомеа мебошад.

Малика Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ