Мо ҷавонон ифротгароиро маҳкум менамоем!

Иттиҳодияҳои экстремистии равияи ҳизбҳои «Наҳзати ислом» ва «Салафия» ба амният ва суботи сиёсӣ, бехатарии иқтисодӣ ва зидди тамоми ҷаҳон равона карда шудааст. Ифротгарони ин равияҳо пеш аз ҳама ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири шабакаи террористии «Ал-қоида» буда, зери ниқоби дини мубини ислом золимию кушторҳои оммавӣ ба амал оварда истодаанд. Беҳуда нест, ки дар Паёми роҳбари давлат боз ҳам масъалаи экстремизм ва терроризмҳамчун омили хатарноки ҷаҳони муосир баҳогузорӣшуда, қайд гардид “Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем”. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гурдидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Ба ин гурӯҳ одатан шахсоне шомил мегарданд, ки дониши кифояи динӣ надоранд., дар оилаҳои носолим тарбиягирифтаанд, дар оилаи онҳо номуросоӣ аст ё ин ки бо мақсади аз нафаре қасос гирифтан, ба ин гурӯҳ шомил гаштаанд.Инчунин, шахсони руҳан касал низ шомилиин давлат мебошанд. Он ифротгароёне , ки одамонро даъват мекунанд, ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд, гӯё онҳоро дар он ҷо ҳаёти осоишта, серию пурӣ интизораст. Дар асл дарӯғ аст зеро баъзе аз ашхос, ки аз он ҷо баргашта омадаанд, даҳшати ин давлатро дар худ ҳис карда аз корҳои кардаашон пушаймон ҳастанд. Дар ягон китоби муқаддаси исломӣ наомадааст, ки инсонро инсон бояд аз ҳаёт маҳрум кунад. Дар асл маънои «ҷиҳод» ҳимоя кардани Ватани худ аз душманони беруна мебошад. Бинобар ин, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ