​Ғофил мабош!

Дар ҷомеаи башарӣ теъдоди муайяни афродеро метавон вохӯрд, ки бо сабабиирсияти нопок хислати кӯрдиливу кӯрнамакӣ ботинашонро фаро гирифтаасту онон наметавонанд ба рӯйдодҳо баҳои воқеӣ ва солимандешона диҳанд. Зеро, то ҳанӯз дар байни мардум иддае дастовардҳои давлати ҷавону мустаҳкампояи Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегиранд. Шояд ақлу тамиз, фаҳму фаросаташон барои дарки воқеияти ҳаёт кифоя набошад?!

Ба чунин афроди нонкӯри намакзада тавсиядода мешавад, ки боре чашм аз ғафлат кушоянду назаре ба мамлакатҳои ҳамсоя андозанд! Чӣ ҳолу аҳвол мебинанд? Дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо кишварамон беш аз 1400 км ҳамсарҳадӣ дорад, маҳз беш аз 45 сол инҷониб оташи ҷангу муноқишаҳо хомӯш намегардад. Бештар аз 40 фоизи мардум дар бенавоиву қашшоқӣ қарор доранд , азобигуруснагӣ ба насли ҷавон таҳдид мекунад. Харобиҳои ҷанг барқарорнашудаву баръакс зиёд шуда истодаанд. Ҳуқуқҳои инсон поймолу озодиҳо маҳдуд шудаасту ҳоли занҳои афғон дар кадом вазъ аст?

Эй нобиноёни кӯрдил! Агар, неъматҳои Истиқлоли Ватани азизамонро дидаву ҳазм карда наметавонед, хоки муқаддаси моро тарк намоеду марҳабо ба мамлакати ҳамсоя равед! Чун каҳдуд набошеду якбора дар ватангадоӣ аланга гиреду хароб шавед! Шумоёни намакзадаро агар ақлу тамиз, инсоф мебуд, шукронаи ҳаёти орому осуда, фазои мусоиди созандаю бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлолро карда, чун мардуми заҳматкаши соҳибхиради кишвар бо меҳнати худ баҳри ободонию гул- гулшукофии сарзамини биҳиштосоямон саъю кӯшиш менамудед! Ақли пасту тинати нопок, ирсияти безотонатон ба Шумо имкон намедиҳад, ки чун фардони солимандеша ва заҳматпеша фидокори Ватану ободкори сарзамини аҷдодӣ бошед!

Дар радифи андешаҳои баёнгардида месазад зикр кард, ки аксарияти мардуми заҳматқарини Тоҷикистони соҳибистиқлолам сиёсати хирадмардонаву дурандеши роҳбарияти олии кишварро доимо ҷонибдорӣ намуда итминони комил доранд, ки ҷомеаи солимфикри Ватани азизамон тавоноии комилро баҳри таъмини арзишҳои миллӣ доро ҳастанд. Ҳамаи нерӯ ва тавоноии худро баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси ин неъмати бузург сарф намуда мардуми кишвар омода ҳастанд, ки ҳамеша сарҷамъона ҳамаи қадамҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда шукргузори аз ҳаёти имрӯзаи худ мекунанд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ