Гунаҳкорон бояд ба амалҳои муғризонаи худ ҷавоб диҳанд.

Аз таърих ба ҳамагон маълум аст, кидар ҳама давру замон шахсоне буданд, ки бар зидди миллати худ муқобилият нишон медоданд. Мутассифона, дар замони имрӯза низ нафароне дарёфт кардан мумкин аст, ки бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва бар замми ин бар гуноҳҳои худ иқрор нагашта боз мехоҳанд худро сафеду ҳукумати кишварро бошад сиёҳ. Яке аз чунин гуруҳҳо дастаитеррористӣ ва экстремистӣбо ном ҲНИ мебошад, ки онро Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш идора менамоянд.

Маълумоти охироне, ки дастраси мо гардидааст, дар бораи собиқ аъзои ҲНИ мебошад, ки дар ҳамин сарзамини азизамон Тоҷикистон зиндагӣ кардаву боз кӯрбинона бар зидди давлати худ хиёнаткориҳо доранд. Аммо дар ҳама давру замон нафароне, ки хоинӣ карданду пинҳонӣ зидди ҳокимияти худ амалҳои ношоиста анҷом додаанд бе ҷавоб намондааст. Албатта нисбати онҳо ҷазои махсуси давлатӣ муқаррар карда шудааст.

Дона Набиев, узви собиқи ҲНИ, пас аз танқиди мақомот дар зери интишори ҳукми додгоҳ алайҳи собиқ ҷонибдори 80-солаи мамнӯи ҲНИ, ВКД бо пахши як изҳорот таъкид кард, ки Дона Набиев ба зиндон ба таври сазовор фиристода шудааст.

ВКД рӯзи 8 январ яке аз узви собиқи ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Исломӣ Дона Набиев бо иттиҳоми ифротгароӣ ва дастгирии молиявӣ ба ҷангиёни тоҷик дар хориҷи кишвар ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳамчунин дар изҳороти ВКД қайд карда мешавад, ки сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Дона Набиев «маблағҳои аз ҷониби хадамоти махсуси баъзе кишварҳо ҷудошударо гирифта, бо истифода аз интиқоли пул аз кишварҳои сеюм, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротгароӣ, дарёфт ва нашри адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар кардан сарф кардааст ҷавонон сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ инчунин қайд кардааст, ки Дона Набиев як қисми маблағҳои ба Афғонистон воридшударо барои дастгирии Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки сафҳояш аксар ҷангиёни тоҷик мебошанд, фиристодааст. "Набиев миқдори муайяни маблағҳоро тавассути минтақаи Панҷи вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои дастгирии молиявии аъзои гуруҳи ҳарбии ҲНИ Ҷамоати Ансоруллоҳ интиқол додааст гуфт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Дар асоси маълумотҳои паҳнгардида маълум аст, ки ҲНИ бо чи гуна амалҳои ғаразона кору фаъолият дорад. Боз бар замми ин чунин баён карда истодааст, ҲНИ менависад, ки ҳизб ҳеҷ гоҳ бо Ҷамоати Ансоруллоҳ ҳеҷ иртиботе надошт ва надорад ба ин суханони дуруғи ҲНИ, ки худро сафед карда истодаасту ки бовар карда метавонад.Имруз ҳар як шаҳрвандони кишвар ба хубӣ дарк карданд, киҳизби ҲНИ чи асту тарафдорони он чи хизматемекунад?.

Ҳангоми тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, амалҳои ҷиноятии Набиев Дона бо нишондоди шахсони алоҳида ва далелҳои шайъӣ тасдиқ карда шуда омадааст. Бинобар ин нафароне ба мислиДона Набиев, ки барои миллату давлатии худ хиёнат мекунанд, боядназди қонун ва давлатҷавоб хоҳанд дод. Маълум аст, аз санаи 29 сентябри соли 2015 Суди Олӣ фаъолияти ҲНИ-ро экстремистию террористӣ донист ва фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард. Баҳона барои таъқиби ҳизби исломӣ ба истилоҳ муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода буд. Тибқи нусхаи расмӣ, генерал, ки гӯё иштирокчии фаъоли ҲНИ буд ва ҷонибдорони ӯ, ки низ аъзои он буданд, шаби 4 сентябри соли 2015 ба иншооти Вазорати дифоъ дар Душанбе ва бинои полиси шаҳри Ваҳдат, ки аз пойтахт бист километр дур аст, ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом доданд,пас аз он онҳо кӯшиш карданд, ки дар кӯҳҳо пинҳон шаванд, ки он ҷо то 16 сентябр онҳоро сарбозони содиқ ба ҳукумат нобуд карданд. Даҳҳо аъзои фаъоли ҳизб дар хориҷ аз Тоҷикистон паноҳ бурдаанд ва даҳҳо нафари дигар боздошт ва зиндонӣ дар кишвар шудаанд. Аммо қайд намудан лозим аст, ки мақомоти Тоҷикистон таъкид менамояд, ки тафтиш ва мурофиаи аъзои ҲНИ-и мамнӯъ тибқи қонунҳои Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар охир такя ба шаҳрвандони кишвар гуфтани ҳастам, киимрӯз ҳар нафари мову шумо ба қадри истиқлолият ва ваҳдату ягонагии кишвари азизамон Тоҷикистон бирасем. Нагузорем нафарони бадхоҳи миллат ба чашми Модар, Ватан хок пошидаву онро дар азоб гузоранд. Бинобар ин ҳамеша ҳушёру зирак ва далеру шуҷоатманд, муҳофизатгари оилаву давлати азизамон Тоҷикистон бошем.

Дунё Азизӣ - устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ