​Изҳорот: Таҳдид ба ҳаёти инсон

Чанд моҳ мешавад, ки инсоният зери таҳдити вируси COVID – 19 қарор дорад. Ҳама воқиф ҳастем, ки теъдоди зиёди одамони кишварҳои гуногуни дунё бо ин вирус сироят ёфта, роҳи халосӣ меҷўянд. Мутаасифона роҳи ҳалли ин масъалаи сарбаста хеле мушкил мебошад. Зеро дар ҳама гуна ҳолат хавфи сироятёбӣ аз эҳтимол холӣ нест. Аз ин лиҳоз, тамоми одамонро зарур аст, ки худ ва дигаронро аз ин сироятёбӣ ҳифз намоянд. Танҳо инсон қодир аст, ки саломатии худ ва дигаронро ҳифз ва барқарор кунад. Ҷиҳати пешгирӣ мебояд ба таври қатъӣ ба тозагӣ риоя намояд, мунтазам дастонро бо собун шуста, ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намояд.

Ҳалок гардидани теъдоди зиёди одамон аз вируси COVID – 19 ҳамаи одамонро ба таҳлука овардааст ва ҳар нафаре намехоҳад ба ин вирус сироят ёбад. Ба ин хотир, аз ҷониби давлату ҳукумат ва муассисаҳои солимгардонӣ чораҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ андешида шуда истодааст, ки натиҷаҳо на он қадар хуб аст.

Айни ҳол яке аз роҳҳои асосии пешгирии сироятёбӣ ташкили реҷаи ниқобӣ ва дар ҷои махсус нигоҳ доштани сироятёфтагон мебошад. Ҳар нафаре ки нишонаҳои ин бемориро пай мебарад, бояд дарҳол ба духтур муроҷиат намуда, худро аз одамони солим дур гирад ва ё барои панҳ нагардидани ин вирус ҳамаи чораҳои зариро андешад. Барои ин амалҳоро мувофиқи мақсад иҷро намудан сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва донишу фаҳмишҳои тиббӣ нақши муҳим мебозад.

Корҳои ташфиқотию тарғиботие ки дар кишварҳои тамоми дунё аз ҷумла дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст як қадар маърифати тиббию гигиении аҳолиро рушд медиҳад. Барномаҳои дастурдиҳӣ низ тавассуди телевизион баҳри пешгирии сироятёбӣ аз вирус кўмак расонида, аҳли ҷомеаро огоҳ месозад, ки солимии худ ва дигаронро аз ҳама афзал дониста, ҳушёру зирак бошанду ба аъзоёни оила атрофиён корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

Ба дарназардошти ин ҳама ҳолатҳои ногувору хатаровар даъват ба амал меорем, ки ҳамагон бояд барои пешгирии сироятёбӣ ба вируси COVID–19 кўшиш ба харҷ дода, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъӣ риоя намоянд. Инчунин хоҳиш менамоем, ки дар Тоҷикистон низ бо сироятёфтагон сари вақт корбарӣ намуда, маълумотҳои дахлдор воқеъбинона ба аҳли ҷомеа пешниҳод карда шавад. То ки назару эътибори аҳолӣ нисбати ин масъала афзун шаваду барои сироят наёфтан ҷидду ҷаҳдашон зиёдтар гардад.

Ҷомеаи омўзгорони кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии

факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус.Ҳошимова Г.Г.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ