Иншои беҳтарин: “Ваҳдат – саодати халқ”

Бо дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар тамоми факултетҳои донишгоҳ дар мавзӯи “Ваҳдат-саодати халқ” озмуни иншои беҳтарин эълон шудааст. Ин иқдом ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин ташаббус дарёфти ҷавонони эҷодкор ва лаёқатманд маҳсуб меёбад.

Бино ба иттилои масъулини факултети геоэкология донишҷӯёни факултет дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар самти навиштани иншо месанҷанд.

Дар назар аст, ки озмуни мазкур дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадр шаванд.

Маҳина Раҳмонова,

“Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ