Худогоҳу худшинос бошем!

Вокеан ҳам баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ ва эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва яона ин имкон медиҳад, ки дар арсаи ҷаҳони нақш ва нуфузи ҳудро пайдокарда тавонад. Имрузҳ бо захмату талошҳои пайвастаи Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз кишвари мо яке аз кишварҳои зеботарин ва писандидатарини тамоми кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Имруз боиси хушбахтист, ки санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва бо заҳмату талошҳои шаҳрвандони меҳанпараст имруз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 161 кишварҳои ҷаҳон бо расмият шунохт ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро ба роҳ мондааст. Имрузҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад ва ин далолат аз он аст, ки имрузҳо Тоҷикситон низ аз муаммоҳои глобали ҷаҳонӣ беътараф нест. Инчунин бо пешниҳоди Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ардидани яке аз паблемаҳои глобалӣ ки имруз ҷаҳонро ба ларза меандозад ва боиси саргардонию фавти зиёди одамон, ва гумроҳи занону кудакони ноболғ сабаб гардидааст, ки ин гуруҳҳои иғвоанез, терроризим ва экстремизим мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд ва кушиш бар он дорад.ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

Мутасифона баъзе амалҳои номатлабе, ки аз тарафи баъзе аз шахсиятҳои бадхоҳони давлат мешавад боиси ноороми кишвар сабаб шуда истодааст. Дар таърих бохабар ҳастем, ки амалҳои ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекард. Онҳо ба дузду одамкуши назари нек надоштанд ва бо чунин шахсон бо нафрат нигоҳмекарданд. Лекин имруз ҷавононе пайдо шудаанд, ки ананҳои неки инсондӯстӣ, некрафторӣ некандеширо пеши по зада ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ тақдири худро мепайванданд. Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.Имруз аз ҳар як ҷавонони мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доран, ки пайваста “Ҳушёрию зираки сиёсӣ”-ро аз даст надиҳанд ва дар паси ҳамдигар истода ватанмонро якҷоя аз ин гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳифз намоемва нагузорем, ки ба кишвари азизамон Тоқикистон бо чашми баъд нигоҳ кунанд.

Ҷураев Манучеҳр

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ