Сомонаи Ислоҳ. нет-тарғибгари ақидаҳои ифротӣ

Сомонаи ислоҳ. нет аз зумраи сомонаҳои мебошад,ки тарафдор ва тарғибгариақидаҳоиифротии ТЭТ ҲНИ ва Паймонимиллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи хоинони миллат нашр мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардуро вайрон сохта оромиву осудагии ҷомеаро халалор намояд. Лек онҳо ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд. Мо мардуми шарифи тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва дурбинонаиПешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда хамавақт иқдомҳои некро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем.

Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонроба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат фармуда буданд: “Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуқтаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму оинҳоро озодона риоя карда, талаботи эътиқодии худро қонеъ созанд”. Маҳз ҳамин дунявият буд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва давлати баробарҳуқуқ эътироф гардид. Агар ин тавр сурат намегирифт, кишвар ҳоло бо кадом баҳонае ба мисли ҳамсоякишварамон майдони набардҳои эътиқодию мазҳабӣ мегардид. Мо мардуми тоҷик мехохем, кикишвари азизамон доимо сулҳу ваҳдат бошад

Вале, намояндагони Паймони милли Тоҷикистон бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор менамоянд. Суханрониҳои онҳо аз хориҷи кишвар хусусан дар мамлакатҳои Аврупо ягон асосе надорад.

Бинобарин мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳемва кўшиш намоем, ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигар ва ба ҷо овардани корҳои неку хайр тарбия намоем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ