Магар ҳамин аст, дӯстдориву хидмат кардан ба мардум!

Дар таърихи навини тоҷик воқеаҳои бисёр муҳим ҳастанд, ки дар пешрафти ҷомеаи имруза нақши муҳим гузошта ба халқи тоҷик ҳамчун роҳнамо ва инчунин таҷрибаи зиндагӣ заминаи асоси хоҳанд гузошт. Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде давлати ҷавон бошад, ҳам дар лаҳзаҳои кутоҳтарин тавонист дар арсаи байналхалқӣ мақом ва нуфузи худро пайдо карда бошад. Барои ба ин дастовардњо ноил гардидан сањми босазои Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро дар лаҳзаи кутоҳтарин тавонистанд миллат ва давлати парокандашудаистодаро сарҷам намоянд.

Ба хотир оред, он рузҳои бениҳоят перпечутоби солҳои 1992-1997, ки мардум чӣ гуна рузҳоро сахтро аз сар гузарониданд. Ҳатто барои соҳиб шудан ба Истиқлолияти сиёсӣ ва барои баркарор кардани “Сохти Кониститутсиони”дар ин роҳ ҳазорон нафар шаҳрвандони бечора ба ҳалокат расиданд, ҳазорон нафар кудакон бе падару модар монданд, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандонӣ кишвар хонаҳои худро “Ватан”-и худро тарк карда дар хоки кишвари ҳамсоя Авғонистон ҳамчун гуреза паноҳ ёфтанд. Ин ҳама кору пайкори гуруҳҳое буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии нест намоянд ва давлатро пароканда кунанд. Сабабгори ин ҳамма азобҳо аз ақидаҳои “Пуч” ва аз надонистани мақсадҳои дар пеш гузоштаи Ҳизби Назҳати Исломиимебошад. Лекин дар ҳама ҳолатҳо қувваҳои бадъи ҳеҷ гоҳ аз қувваи неки ғолиб нахоҳад омад. Имруз миллати тоҷик ҳамчун халқи озод ва соҳибстиқлол дар ҷомеаи демократӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зисту зиндагони доранд ва шукронаи ин неъмати бузург Истиқлолиятро доранд.

Аммо дар ҳамма лаҳзаҳо воқеаҳое руҳ медиҳад, ки нафароне пайдо мешаванд ин амалу ин хурсанди мардумро дида наметавонанд. Баъдаз баста “Сулҳ” байни гуруҳҳои мухлоифин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде ки барои давлату миллати худ хиёнат карда бошанд ҳам Ҳизби Назҳати Ислом-ро бахшида дар тамоми шохаҳои идоракуни давлати барои фаъолият бурдан иҷозат доданд. Аммо амали нопок рӯзе кори худро боз анҷом дода тавонист махсусан моҳи сентябри соли 2015 ҲНИ хост бо роҳи зури ҳокимиятро ба даст гиранд лекин ин амали онҳо анҷом наёф. Махсусан шурӯъ аз 30 сентябри соли 2015 собиқ ҲНИТ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид ва он беасос набуд, зеро кулли аъзоёни гурӯҳи мазкур солҳои охир бо истифода аз дини Ислом мехостанд мардумро гумроҳ намуда, ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Баъди воқеаи моҳи сентябр аксари фаъолони гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ дастгир карда шуданд ва мувофиқи гуноҳҳои содиркардаашон ҷазо дода шуданд. Лекин мутаасифона,баъзе аз фаъолони ҲНИ муяссар гашт, аз кишвар фирор кунанд, то ки фаъолияти ғайриинсонии худро дар хориҷи кишвар идома диҳанд.

Аз ин лиҳоз, мардуми соҳибфарҳангӣ кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.Мо ҷавонони давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти ҷумҳурии азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда бар зидди хоинони давлату миллати худ мубориза барем.

Аҳмадзода Рустам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ