​Филми Хиёнат 3 – манбаъи иттилоърасонии ифротиёнро фош сохт!

Имрӯз ҷаҳони муосирро бе техникаву технология ва иттилоот наметавон тасаввур намуд. Тибқи маълумоти таҳлилгарон солҳои охир наздик 2 миллион аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки баробари ба манфиати шахсиву ҷамъият истифода намудан ба воситаи онҳо маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешуданду мешаванд. Муаммои асосӣ ва мушкилии мардум дар он зоҳир мегардид, ки шабакаҳои иҷтимоии қонуниро аз ғайриқонунӣ ва манфиатноку ифротизадаро фарқ гузошта наметавонистанд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат-3” бори дигар ба сокинони Тоҷикистон гӯёву равшанбо факту далелҳои асоснок ошкор сохт, ки кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо пинҳониву ғаразнок ва бо иғвоангезиву мардумфиребӣ машғул аст. Ин манбаъҳои иттилоърасони ифротии созмондодашуда – шабакаи телевизионии садои мардум, ахборком (akhbor.com), кимиёи саодат (kimiyoisaodat), ислоҳ.нет (Isloh.net), зиндониён.ком (zindoniyon.com), паём.нет (payom.net), озодандешон (ozodandishon) ва амсоли инҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Ютуб таъсис ёфта, шахсият ва ҳадафи нопоки онҳо маълум гардид, ки дар қафои он аъзои ҳизби мамнӯъи Тоҷикистон – Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва роҳгумзадагону паноҳбарандагони хориҷӣ чун Муҳиддин Кабирӣ, Мирзо Салимпур, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Абдусаттор Бобоев ва дигар думравони онҳо истодаанд. Имрӯз мардум боз ҳам амиқтар ошно гардиданд, ки ба кадом манбаъи иттилоотӣ рӯ оранд ва кадомеро ба рӯйхати сиёҳи худ дохил намоянд...

Таҳлили видеоии муассиси саҳифаи ахборком (akhbor.com) дар шабакаи иҷтимоии фейсбук Мирзо Салимпур бори дигар тасдиқ намуд, ки ӯ аз хориҷа истода, ҷавонон-рӯзноманигорони навқаламро чун Хуршед Фозилов, Саодат Исмоилова, Маҳмадаминов Шаҳриддин, Аъзамов Фурӯзон, Азизов Рустамбек, Давлатова Маҳина ва дигаронро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба гумроҳӣ, бадбинӣ ва хиёнат даъват намудааст. Пулҳои фиристодааш тавассути бонкҳои Тоҷикистон, ки он ҳам пасипардагӣ ва тавассути аъзои оилаи худи Мирзо Салимпур сурат гирифтааст. Пас, маблағ аз хориҷа ва бадномкунӣ ба хориҷиён аст!

Хулоса, ТЭТ ҲНИ, Паймони миллии Тоҷикистон ва дигар саҳифаҳои номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ экстремистиву террористӣ ва иғвоангезона буда, ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявидоштаро бо роҳи фиреб ҷалб менамояд ва ба гумроҳиву хиёнат ва ҷиноят мебарад. Ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо бештар бо воситаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, дар ин самт шаклу усулҳои нави корбарии мубориза бо гурӯҳҳои тундравро дарёфт намуда, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ