​Хоки бегона мекунад одамро девона! (Дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии Хиёнат)

Филми ҳуҷҷатии хиёнат 3 имрӯзҳо сокинони кишварро аз лаҳзаҳои дарднок ва амалҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ ва дигар гуруҳу шахсиятҳои заҳролудшудаи хориҷиён, таблиғгарони мазҳаби бегона, вайронкунандагони сохти давлатдорӣ, иғвоангезону нотавонбинон ошно сохт.

Ба хулосае метавон омад, ки сокинони мамлакат ва ҷавонон қисман дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд. Онҳо аз ин муҳити бегона истифода бурда, ба рафтору гуфтор ва муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ тағйир медиҳанд.

Онҳо бештар ба тарғибу ташвиқи бекорон, аз маҳбас озодшудагон, ҷавонони душвортарбия, аз таълиму тарбияи волидайн ва муассисаи таълимӣ дурмонда ва ҷамоату маҳаллаҳои осебпазир машғуланд.

Зеро ҳар амали онҳо нодуруст аст ва сангпартоӣ ба сӯи Тоҷикистон аст. Дар филм нафаронеро нишон доданд, ки аксар ҷавононанд ва ба доми онҳо афтодаанд. Онҳо бештар бо ҷалби маблағҳои хориҷӣ ба худ ҷалб сохта, бо роҳи фиребу пинҳонкорӣ хабарҳои нодурустро дастрас ва паҳн месозанд, ки оқибат ба чоҳ афтодаанд ё роҳи гурезу паноҳандагиро пеш гирифтаанд.

Бояд донист, ки хоки бегона мекунад одамро девона! Пас ин нотавонбинони ТЭТ ҲНИ ва шабакаҳои иҷтимоии тарғиботии онҳодер нахоҳад рафт ва чун девона дар кишвари ғарибӣ ҷон хоҳанд бохт.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ