Изҳорот: Солимии ҷомеа сарвати бебаҳост

Имрӯз ҷаҳон бо бемории сироятии коронавирус, ки барои табибон ва олимони соҳаи тиб нав мебошад, мубориза мебаранд. Таҷрибаи кишварҳои пештар ба ин беморӣ печида, нишон дод, ки танҳо бо риояи ҷатъии чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадани худ ва аз ҳама муҳим, нигоҳ доштани оромӣ ва муттаҳидӣ метавонад бар зидди ин бемории сироятӣ ғолиб омад.

Дар вилояти Суғд ва хосатан дар шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиддиэпидимикӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коравирус (COVID-2019) вусъат ёфта, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босамар истифода бурда мешавад.

Бо кам шудани шумораи сирояёфтагон ба бемориии коронавирус имрӯзҳо теъдоди зиёди одамон ба кӯча баромада, бо ин амалашон хатар ба ҷомеа меоранд. Зеро яке аз василаҳо эмин мондан аз ин беморӣ да хона будан ва риояи талаботи гигиенаи шахсӣ мебошад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҳанӯз ин беморӣ пурра аз байн нарафта, ҳамарӯза то 80 нафар гирифтори ин беморӣ мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинон ҳамчун бе даҳонбанд ва бе риояи фосилаи таъйншуда ба ҳам муошират мекунанд, ки ин хатари бештар дорад. Дар сурати наандешидани чораҳои иҷрояшон таъхирнопазир, набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дубора авҷ гирифтани ин беморӣ аз эҳтимол дур нест.

Баҳри ислоҳи ин вазият ва ба мардум фаҳмонидани оқибатҳои безарурат гаштугузор намудан дар ҷойҳои сер одам раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки устодони ҷавону донишҷӯён, инчунин фаъолони кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар якҷояги бо Кумиҷрояи шаҳри ва вилоятии ҲХДТ дар ҷойҳои серодами шаҳр ва маҳаллаҳои алоҳидаи шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро баҳри сироятёфтан аз COVID-2019 доир намуда истодаанд.

Корҳои пешгирӣ ва таблиғотӣ натиҷаи хуб ба бор оварда, боиси коҳиши назарраси хуруҷи бемории сироятии COVID-2019 гардиданд. Умед аст, ки сокинони ноҳия дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва тавсияҳои табибон бемории мазкурро ба осонӣ паси сар менамоянд.

Дар сиришти мо нерӯи бузурги халлоқӣ ҷой дорад ва имтиҳонҳое чун ин беморӣ имконест барои кашфи он нерӯҳои созанда. Мебояд, ки некандеш бошем ва навмед нашавем. Агар имрӯз ин мушкил думболагири мост, пас, мутмаин бошем, ки илоҷи онҳам расиданист.

Ҳоло, муҳимтар аз ҳама, бояд осоиши ботиниро ҳифз кунем, то шоҳиди рӯзу рӯзгори беҳтар гардем.

Шамсидинов М.И.-декани факултети Физикаю техника

Шамсидинов Х.М.-дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии

Информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ