Сулҳу осоиштагӣ шиори доимии мост!

Аслан вакте,ки инсон бо кори худ машғул аст, барои ба кори дигарон дахолат кардан вакт надорад. Лекин дар ҷамъият одамоне вомехўранд, кифақат бо ғайбату хислатҳоиғайриинсонӣ машғул ҳастанд. Бо ҳар гуна роҳ мардумро халалдор сохта, зидди давлату ҳукумат равона карданиянд. Ба корҳои оилавии шахсияти алоҳида кордор мешаванд ва онро дар куҷое, ки писанд оядменависанду мегўянд. Мардум бо меҳнати софдилонамашғул аст. Давлату ҳукуматбарои пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамаи чораҳоро андешида истодааст ва ин ҳама кўшишу талошҳо барои зиндагии осоиштаи халқ , барои ояндаи неки мамлакат мебошад. Барои ҳамин ҳам, мардумкайҳост,ки бедор шудааст некро аз бад фарқ менамоядва фикри худро озодона баён менамояд ва ҳамеша пайгири сиёсати сулҳҷўёнаи Президент ва Ҳукумат мебошад.

Имрўз, ки ҷумҳурии мо ҳамчун давлати комилҳуқуқи арсаи байналмиллалӣ пазируфта шуд ва дар дохили мамлакат тинҷиву оромӣ ҳукмфармо аст ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба пеш мераванд, ин ҳама дастовардҳо аз ваҳдату ягонагии миллати тоҷик аст, ки бевосита бо сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Бояд гуфт, ки он кас дар давраи бисёр муҳим барои халқи тоҷик вазифаи пурмасъули роҳбари давлатро ба дўш гирифта , бо кўшишу талошҳои шабонарўзии худ мардумро ба зиндагии осуда равона сохтанд.

Маҳз бо вохўриҳову сафарҳои пурмўҳтаво барои ҷумҳурии мо роххои ҳалли мушкилиҳои иқтисодиро дарёфта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ карданд ва барои ташаккули муносибатҳои дўстона бо дигар мамлакатҳо дар сиёсати хориҷии кишвар сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон карданд.

Барои ҳамин ҳам бояд мо кўшиш намоем, ки ин дастовардҳоро ҳамеша нигоҳ дорем, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоемва нагузорем, ки кинаву ғайбат садди роҳи ин пешравиҳо гардад. Кўшиш намоем, ки тинҷиву амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ шиори доимии мо бошад.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ