​Ҳимояи манфиатҳои умимимиллӣ – ҳадафи олии мост!

Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлол гардидан бунёди давлати ҳуқуқбунёд дунявӣ ва демократиро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ки расидан ба он бидуни ба роҳ мондан ва густариши муносибатҳои боэътимоди дуҷонибаву бисёрҷониба бо ҷаҳони хориҷӣ басо мушкил буд. Чунин вазъият тақозо менамуд, ки ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати хориҷӣ аҳамияти хоса диҳад ва онро яке аз самтҳои муҳими давлат шуморад. Мутаасифона ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти калони иқтисодӣ гашт монеаҳои зиёде барои расидан ба он ҳадафҳои олӣ эҷод намуд. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда халқи тоҷик тавонист, ки бо роҳбарии пешвои арзандаву ояндабин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро дар ҳудуди кишвар ором намояд, роҳи дурусти инкишофро интихоб намояд.

Бояд зикр намуд, ки новобаста аз мавқеи баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва созанда мешиносанд. Мутаассифона, имрузҳо бархе аз ашхоси пуркину иғвоангез, ки дар хориљи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тољикистониёну љомеаи љаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кардан мехоҳанд, нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд. Барои расидан ба ҳадафи худ онҳо мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ љой медиҳанд ва гумон мекунанд, ки мардум онҳоро дастгирӣ намуда, чун фидокор эътироф хоҳанд намуд.

Бояд зикр намуд, ки аз рузҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамуданд, ки кишвари мо бо дарназардошти манфиатҳояш омода аст, бо давлатҳо ва дигар субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монад. Маҳз ҳамин гуна ҳадафҳои созандаву неки роҳбари давлат буд, ки сарфи назар аз вазъияти мушкили баамаломада, кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд гузарад, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф карда шавад.

Имрӯз низ баъди сипари гардидани зиёда аз 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон моро ҳамчун кишвари ободкору созанда мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Имрӯз ҳар як тољику тољикистонӣ шукрона аз он мекунад, ки сарзамини аљдодиамон ободу зебо гардида, барои ҳар яки мо шарту шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки кӯшиши худро баҳри пешрафту ободони кишвар дучанд намоем, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ камари ҳиммат бандем ва нагузорем, ки душманони миллат ба орзуву ниятҳои ғаразноки худ бирасанд ва бори дигар кишварро нотинҷу ноором созанд.

Камолиддини Раҷабзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ